Сонияҳои аввали ҳаёт

Баъд аз бордор шудани тухмҳуҷайра он дар мудадти 10 рӯз ба раҳими модар мечаспад. Ҳамин тавр баъд аз 3 ҳафта дили ҷанини 2-милиметрӣ тапишро сар мекунад. “Салом, ҳаёт!”

2 weeks embryo

Баъд аз 6 ҳафта дар ҷанин мағзи сар, чашмон, ҷигар ва гӯшҳо шакл мегиранд. Дар ин муддат дарозии ҷанин 8-10 милиметрро ташкил медиҳаду дар батни модар зери ҳимоя шино мекунад. Пас аз 7 ҳафта шакли рӯй, чашмон, бинӣ, лабон ва забонаш намуди зоҳирӣ пайдо мекунанд. Баъдан ташаккули дандон ва устухонҳо оғоз мегардад. Баъд аз 8 ҳафта ангушт ва дастони ҷанин ба таври фарқшаванда маълум мегарданд. Ангуштони пой шакл мегиранду мушакҳо ба кор медароянд.

Вақте ҷанин 2-моҳа мешавад, ҷинсияташ маълум мегардад. Дар ин моҳҳо ҳамчунин ҳаракатҳои аввалинаш ҳам ҳис карда мешаванд. Баъд аз як моҳи дигар он хамёза мекашад. Дар ин муддат ҷисм аллакай ба пуррагӣ шакл мегирад.

4 monthsҶанини 6-моҳа рӯзона хоб мекунад ва соатҳои истироҳатро пайдо мекунад. Мағзи сар бо узвҳо робита пайдо мекунад. Акнун вай тапиши дили модарро мешунаваду садояшро фарқ мекунад.

Вақто кӯдак дар батни модар ба 7-моҳагӣ мерасад, вазнаш одатан ба 1 кг баробар мешавад. Пас аз 280 рӯзи “пурмоҷаро” кӯдак барои моҳҳои охир бинобар низом ва нақшаи таъиншуда рушдашро давом медиҳад.

7 mon embryoДар моҳҳои охири ҳомиладорӣ ҷисми модар дар тӯли ҳаёти хеш тамоми он моддаҳои протеинасоси захиракардаашро, ки барои қавӣ гаштани масунияти кӯдак аҳамияти калон доранд, ба фарзандаш медиҳад. Ин марҳила баъд аз ба дунё омадани кӯдак тариқи ширмаконӣ идома меёбад. Дар ин давра барои рӯҳан ва ҷисман солим таваллуд ёфтани кӯдак ба як қатор хусусиятҳо бояд диққат кард:

– Ҳангоми ҳомиладорӣ сигоркашӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои алкоголӣ ба мағзи сари ҷанин таъсирҳои харобиовар мерасонанд. Аз ин рӯ баъд аз ба дунё омадани кӯдак дар раванди омӯзишу идрок, инкишофи ҷисмӣ ва равонияш як қатор омилҳои манфӣ мушоҳида карда мешаванд. Бахусус моддаи никотин, ки дар сигор мавҷуд аст, рагҳоро танг карда, бо ғизо таъмин шудани ҷанинро дар батни модар халалдор мекунад;

– Модар ҳангоми ҳомиладорӣ бояд ба хӯрду хӯрокаш аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Бахусус аз ғизоҳои ҳамчун моҳӣ, нон ва ғаладона бояд фаровон истеъмол намояд;

– Аз ҳолатҳои стрессӣ ва хавотиркунанда бояд худро эмин нигоҳ дошт. Агар модар шоду хушҳол бошад, ин ҳолати пурҳузур ба кӯдаки дар батнбуда низ акси мусбати худро мерасонад;

– Модар дар ҳомиладорӣ ҳангом иистеъмоли доруворӣ бояд боэътино рафтор намояд. Пеш аз истеъмоли дилхоҳ дору ҳатман бо табиб машварат кунад;

– Кӯдак бояд фарзанди азизе бошад, ки ба дунё омаданашро ҳам падар ва ҳам модар бо шавқу ҳаваси зиёд мунтазиранд.


Навзодро миёни ҳам нахобонед

Аксе, ки барои миллионҳо боиси бозгашти умед шуд!

Шири модар неъмати бебаҳост!

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s