Соли 1940 олимони Донишгоҳи Корнелӣ баъд аз як қатор таҷрибаҳо муайян карданд, ки дард ҳам ба худ ченак дорад. Минбаъд ченаки дард бо ихтисори “dol” ишора карда мешавад. Бояд қайд кард, ки ихтисори “dol” аз калимаи юнонии “dolor” (лот. дард) гирифта шудааст.
Ҳамин тавр олимон муайян кардаанд, ки вуҷуди инсон танҳо ба 45 dol тоб оварда метавонад. Зери дарди беш аз 45 dol қавитарин шахс ҳам мешиканад. Вале ҳангоми таваллуд кардан зан 57 dol дард ҳис мекардааст. Ҳамзамон дарди 57 dol баробар ба дарди шикаста шудани 20 устухон аст.
Хуб, акнун ҳайрататонро як сӯ гузореду бори дигар модаратонро ба ёд оред, ки ҳангоми шуморо таваллуд кардан, чӣ азобҳоеро кашидааст. Ва ҳар вақте мехоҳед дили ӯро ранҷонед, ҳақиқати болоро ба ёд оред. Шавҳарон, ҳоло ҳайрататонро дар худ нигоҳ дореду ҳамсари худ – модари фарзандонатонро ба ёд оред, ки ӯ барои хушнуд ва пурратар кардани оила баъд аз нӯҳ моҳи машаққат боз ҳангоми таваллуд кардан чӣ фидокориеро ба ҷой овардааст. Аҷаб нест, ки яке аз ҳикматҳои чаро ҳаққи модар аз ҳаққи падар волотар асту хизмати ӯро то охири умр ба ҷой оварда намешавад, маҳз ҳамин бошад.
Модаронро азиз доред!