Кӯдак ва одати китобхонӣ

Василаи беҳтарин инкишофи фикр ва сайри хаёлҳои кӯдак албатта мутолиаи китоб аст. Вале бояд иқрор шуд, ки дар асри технологӣ ба кӯдакон фаҳмонда додани афзалияти китоб бар телевизор, ҷиҳозҳои электронӣ ва интернет хеле душвор аст. Аз ин рӯ хостем барои ҷалби наврасон ба хониш ва мутолиаи китоб якқатро машварат-тавсияҳо пешниҳод намоем.

Аз хурдӣ бо мутолиаи китоб саргарм шавад

Бигузор, хондани китоб барои фарзандатон натанҳо пеш аз хоб, балки дар лаҳзаҳои дигар, масалан ҳангоми сайру гашт, василаи вақтгузаронӣ бошад. Бигузор, аввалин бозичаҳои ӯ китобҳои бачагона бошанд. Бигузор, китоб ҳангоми истироҳату танҳоӣ ҳам аниси ӯ бошад.

Саросема нашавед!

Боварие ҳаст, ки гӯё сатҳи заковати кӯдакон дар синну соли муайян бинобар қобилияти хонда тавонистанаш зоҳир мегардад. Вале ин ғалат аст. Зеро раванди инкишофи зеҳнӣ ба мисли раванди инкишофи ҷисмонӣ аст. Чунин инкишоф дар ҳар кӯдак бинобар муҳит, шароит ва таълиму тарбия гуногун буда метавонад. Аксар вақт волидайни “босавод” фарзандаш ҳар чӣ тезтар китобхониро азхуд кунад гуфта, аз болои вай фишор меоварад. Чунин рафтор таъсири баракс расонида, оқибат кӯдак нисбат ба китобу китобхонӣ нафрат пайдо мекунад. Баъдан он волидайни “босавод” тааҷҷуб мекунанд, ки “мо ҳама китобдӯстдор ҳастем, вале аз чӣ сабаб фарзандам ба китобхонӣ рағбат надорад?”

Ҳамроҳ бихонед ва завқашро эҳтиром кунед

Пеш аз он ки шавқи китобхониро дар дили фарзандатон бедор кунед, бояд донист, ки барояш чӣ бештар писанд аст. Бигузор, китоб ё ҳикояро баро мутолиа худи ӯ интихоб кунад. Баъзе кӯдакон ҳикояҳои кӯтоҳ, қисми дигар бошад барои ҳар чӣ бештар бо қаҳрамонашон будан қиссаҳои дарозро меписанданд. Барои гурӯҳи дигар ҳикояҳои пурмоҷаро дилписандтар буда метавонанд. Агар фарзандатон барои хониши пеш аз хоб дақиқаҳои зиёд китоберо интихоб мекарда бошад, тааҷуб накунед. Шояд он аз нигоҳи равонӣ барои ӯ як мазҳари осоиш аст.

Соатҳои истифодабарии ҷиҳози электрониро маҳдуд кунед

Ҳарчанд дастовардҳои технологӣ ҳаёти инсони муосирро қулайтар гардонидаанд, вале дар ин масъала низ бояд эътидолро риоя намуд. Агар кӯдак соатҳои зиёд беназорат телевизор тамошо мекарда бошад, корро аз кам кардани соатҳои чунин “нишастҳо” оғоз намоед. Вале бояд қайд карда, ки ба кӯдак танҳо “телевизор тамошо накун!” гуфтан, ҳалли масъала нест. Ба ҷойи тамошои телевизор фаъолияти шавқовартареро бояд пешниҳод кунед.

Илова ба ин, ҳоло ки ҷиҳозҳои электронӣ хонишро аз рӯйи экран имкон медиҳанд, меутолиаи китобро бо истифода аз ин навъ ҷиҳозҳо накунед. Бигзор, китоб чопӣ бошад. Кӯдак бояд онро варақ занад. Дар баробари варақ задан, аз садои варақзаниву бӯйи коғаз баҳра гирад. Ҳамин тавр дар як вақт якчанд ҳисҳои зоҳирии ӯ фаъол мешаванд. Ҳамчунин нури экрани ҷиҳозҳои электронӣ тавлиди моддаи мелатонинро дар бадан, ки масъули таъмини хоби солими шабона аст, халалдор мекунад.

Ва аз ҳама нуқтаи муҳими мавзӯъ ин аст, ки аввалан худи волидайн бояд китобдӯсту китобхон бошанд. Кӯдак аз волидайн ранг мегирад. Агар дар хона соатҳои махсус барои мутолиаи китоб муайян карда шаванд, одати китобхонӣ яке аз сифатҳои барҷастаи фитрати ӯ хоҳад гашт.

– таҳияи Достиев Неъмат


Баъд аз 3-солагӣ аллакай дер мешавад!

4 усули муфидтарини тадриси фанни технология ва меҳнат

“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s