Дар ташвиши фардо (1)

Баъд аз тамом нӯшидани финҷони қаҳва ҷавон сари мизи хӯрокхӯрии ошхо­на, ки пояҳои ларзонак дошту матоъи рангпаридае дар рӯ ва маълум менамуд, ки хеле боз хизмат карда омадааст, дуру дароз нишаст. Нигоҳи изтиробомезаш ба як нуқта дӯхта шудааст. Ӯ чанде дар чунин ҳолати ноҷунбон ва хомӯш ба тафаккур рафт. Бо дидан намефаҳмидед, ки аз сараш чӣ мегузарад ва дар май­наи ҷавонаш кадом андешаҳо талотум доранд… Вале ҷунбид, балки курсиашро каме наздиктар ба миз кашид. Ду оринҷашро рӯи миз гузошт ва дастонашро чунонки шохин ба даруни коҳдарза ё алафи тӯда медарояд, ба мӯи баландаш бурд. Панҷаҳо дар миёни мӯйҳои ғафси сиёҳ нопадид шуданд. Чанд дақиқа дар чунин ҳол нишаст, сипас бо дастон мӯи сарашро ба пушти сараш бурдан гирифт. Аслан, ин ҳолати нафарони эҷодкор аст, ҳолати онҳое, ки дар тасвири кадом лаҳзае ё дар кушодани кадом гиреҳе дармондаанд. Вале ӯ эҷодкор нест, ин ҳолати ҷавон далели асабонӣ будани ӯст.

Ниҳоят ӯ аз ҷой бархост, сигор дар­гиронд ва назди тиреза рафт. Чашмонашро нимпӯш карда, дуди сигорро чуқур нафас кашид ва ором аз кунҷи лабонаш берун овард. Ҳавои ошхонаи кӯчак дудӣ шуд. Ба берун нигарист. Кӯдакон шавқун доштанд. Рӯзи истироҳат ки буд, дар ҳавличаи зери бино бозӣ мекарданд. “Аҷаб беғаманд ин кӯдакон” – аз дили ҷавон гузашт ин андеша. Ба шодии онҳо ҳавасаш омад. Нигоҳашро ба тарафи дигари кӯча гардонд. Пирамарде, ки қоматаш каме хамида буду аз дасти чапаш духтараке дошта роҳ мерафт, диққаташро рабуд. Зеҳн монд, ки пирамарду он духтарчаи ҳамроҳаш назди дӯкони рӯзномафурӯшӣ қарор гирифтанд. Дасте аз тирезачаи дӯкон берун шуда, ба дасти пирамард чизе дод ва пирамард дасто­нашро чанде дар ҳаво кушода, баъд ба рӯяш бурд. Маълум, ки ба дӯкондор дуо дод. Бо дидани ин ҳолат дар чеҳраи ҷавон чанд рахи дароз пайдо шуд. Абрӯ­вонаш ба ҳам ҷафс шуданд. Ӯ ки ҳамин чанд дақиқа пеш дар шодии кӯдакон аз ҳолати худ фаромӯш карда буд, мӯйсафедро дида, боз ба қаъри андешаҳо рафт.

Сигори дасташро, ки акнун тамом мешуд, ба хокистаргир пахш карду монд. “Уфф... – оҳ кашид вай. – Чӣ гап мешуда бошад? Донишгоҳро ҳар навъе, ки бошад тамом кардам… Ба кор ҳам даромадам, басанда набошад ҳам акнун маош мегирам. Вале фардо чӣ мешуда бошад? Оянда, агар оиладор ва соҳиби фарзанд шавам, бо ин ҳол онҳоро чӣ хел мехӯронам? Ақаллан коре мебуд, ки аз даромадаш “корд рӯйи равған” мешуд. Ё вазифаи баланде, ки сармоя ғундошта шавад, то дами пирӣ дар берун намонӣ…”

(давом дорад)


“Маро қабул накарданд!”

Рӯҳафтодагӣ бечорагӣ нест!

Чӣ гуна нафарон оиладор нашаванд?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s