Давраи ҳомиладорӣ ва шуури модарӣ

Таҳқиқоти охири илмӣ муайян кардаанд, ки ҳомиладорӣ фаъолияти мағзи сари занро ҷиҳати беҳтар нигоҳубин кардани тифли навзод шакл медиҳад. Тағйироте, ки дар мағзи сар рух медиҳанд, баъд аз ду соли таваллуд кардан бештар ба назар мерасанд. Маҳз давраи ҳомиладорӣ занро шуури модарӣ бахшида, аз ҷиҳати физиологӣ барои беҳтар фаҳмидани эҳтиёҷи тифлаш иваз мекунад.

modarҲамин тавр олимон қайд мекунанд, ки дар мағзи сари занони давраи ҳомиладориро гузаронида, ҳаҷми моддаи хокистарранг (лот. substantia grisea) кам мешавад. Моддаи хокистарранг яке аз унсурҳои муҳими системаи асаб дар мағзи сар буда, фаъолияти муассири қобилияти идрок, фикрронӣ ва як қатор эҳсосотро таъмин мекунад. Ҳамин тавр мағзи сари модар барои тарбия намудани кӯдак равона шуда, нисбат ба таҳдидҳои гуногуни муҳит, ки метавонад фарзандашро зарар расонад, бедортар мешавад. Модар нисбат ба фарзандаш эътинои бештар изҳор намуда, баҳри таълим, тарбия ва ҳаёти солими ӯ бошууртар рафтор мекунад.

Муҳаққиқон ба чунин натиҷаҳо баъд аз омӯзишҳои дар тӯли 5 сол анҷом додашуда расиданд. Онҳо дар ин муддат мағзи сари 25 нафар занонро пеш аз ҳомиладорӣ, дар давраи ҳомиладорӣ ва баъд аз таваллуди кӯдак омӯхтанд. Илова ба ин барои муқоиса кардан мағзи сари 20 нафар занон, ки ягон маротиба ҳомиладор набуданд; мағзи сари 17 нафар мардон, ки падар нашуда буданд ва 19 нафар мардон, ки бори аввал падар гаштанд, таҳқиқ карда шуданд. Маълум гардид, ки танҳо дар мағзи сари заноне, ки ҳомиладориро аз сар гузаронидаанд, ҳаҷми моддаи хокистарранг кам шуда, тағйироти мувофиқ ба назар расидааст. Бинобар омӯзиш, кам шудани ҳаҷми моддаи хокистарранг дар мағзи сар ба фаъолияти зеҳнӣ ва ҳофизаи инсон халал намерасонад. Баракс, олимон мегӯянд, ки он ҷойҳои мағзи сар, ки аз моддаи хокистарранг холӣ шуда буд, ҳангоми нигаристани модарон ба сурати тифли худ,  фаъол мегашт.

Заноне, ки чунин тағйиротро дар мағзи сар мегузаронанд, ба фарзандашон меҳру муҳаббати бештар доранд. Ҳарчанд таҳқиқот ва озмоиши мазкур хурд буд ва барои ҷамъи маълумоти бештар омӯзиши бештарро талаб мекунад, вале коршиносон нисбат ба натиҷаҳои он аллакай назари мусбат доранд. Онҳо иброз доштаанд, ки давраи ҳомиладорӣ малакаи модариро сайқал медихад.

– таҳияи Махсумова Манижа


Сонияҳои аввали ҳаёт

Тифли навзод ва интизориҳои волидайн

Аксе, ки барои миллионҳо боиси бозгашти умед шуд!

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s