Ба касе пӯшида нест, ки истеъмоли меваю сабзавоти мавсимӣ барои мубодилаи моддаҳо дар организм фоиданок мебошад. Зеро ба ин васила бадан тавозуни витамин, минерал, сафеда, равған ва карбогидратро нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, истеъмоли меваю сабзавоти мавсимӣ ҳамчун ғизои солим аҳамияти бузург доранд. Мутахассисон дар мавсими баҳор истеъмоли ғизоҳои зеринро тавсия медиҳанд:
Лӯбиё
Лӯбиё дар таркибаш оҳани зиёд дошта, сарчашмаи асосии нахӣ барои организм аст. Зеро норасоии оҳан дар бадан мубодилаи моддаҳоро халал мерасонад. Инчунин дар таркиби 80 гр лӯбиё 7 гр протеини беравғани мушаксоз дорад.
Турб
Истеъмоли оби турб мубодилаи моддаҳоро дар организм метезонад. Турб оби зиёд, вале калорияи паст дорад. Ҳамзамон ба сони хӯриш истеъмол намудани фоидабахш аст.
Анганор
Анганор сабзавоти пур аз нахӣ буда, системаи ҳозима, қанди хун ва иштиҳоро дар организм ба танзим медарорад. Ним коса анганор 7 гр нахи дошта, инсонро муддати тӯлонӣ сер нигоҳ медорад.
Морчӯба
Морчӯба калорияи паст дорад. Дар як коса морчӯбаи пухташуда 30 калория мавҷуд аст. Инчунин морчӯба ниёзи ҳаррӯзаи витамини С-ро 73%, витамини К-ро 180% ва фолатро (навъи витамини В) 61% таъмин мекунад. Илова ба ин морчӯба беҳтарин дору барои пешобронӣ буда, зиёдшавии натрийро дар организм пешгирӣ менамояд.
Қулфинай
Ғизонокии қулфинай баланд буда, як косаи он тақрибан 50 калорияро дорад. Инчунин ниёзи ҳаррӯзаи витамини С-ро дар бадан 150% таъмин менамояд.
Зардолу
Зардолу дар таркибаш оҳани зиёд дошта, ҳаррӯза истеъмоли чоряк косаи зардолуи хушк ва ё 2-3 дона зардолуи тару тоза ниёзи оҳанро дар организм то 20% таъмин менамояд.
Карам
Карам ғизонокии баланд дошта, истеъмоли мавсимии он манфиатбахш аст. Дар як коса карам 137 миллиграм калсий мавҷуд аст. Инчунин нахии карам мубодилаи моддаҳоро дар организм метезонад.
Афлесуни хунранг
Дар афлесуни хунранг витамини С фаровон буда, иштиҳоро нисбати шириниҳо паст мегардонад. Истеъмоли худи афлесуни хунранг нисбати обаш беҳтар аст. Зеро нахии афлесун барои системаи ҳозима дар организм фоидабахш аст.
Қоқу
Дар қоқу витаминҳои А ва К фаровон буда, ҳамчун доруи табиӣ барои пешобронӣ хизмат мекунад. Инчунин варами бадан, боздоштани об ва иштиҳоро паст карда, системаи ҳозимаро ба танзим медарорад. Карамро ҳамчун хӯришҳо истеъмол намудан фоидабахш аст.
Нахӯди сабз
Як коса нахӯди сабз 35 калория дошта, аз таркибаш нахӣ бой аст. Инчунин нахӯди кабуд дамиши шикамро пешгирӣ менамояд.
– таҳияи Саид Мӯъмин
Таъсири манфии доруворӣ ба эҳсосоти инсон
3 Comments Add yours