Аҳамияти робитаи фарзанд бо модар

Вақте кӯдак чашм ба ин дунё мекушояд, аввалин шахсе, ки бо ӯ робита месозад, модар аст. Аз ин рӯ модар барои навзод то охири умр шахси наздиктарин ва ғамхортарин боқӣ мемонад.

Яке аз бартарият ва хусусиятҳои муҳими робитаи миёни модар ва фарзанд ин аст, ки он дар кӯдак ҳисси эътимод ва бовариро парвариш дода тақвият мебахшад. Бахусус дар моҳҳои аввали ҳаёт, навзод ба меҳрубониву таваҷҷуҳ ниёзи зиёд дорад. Ва сарчашмаи беандозаи чунин таваҷҷуҳ ва меҳр аксар вақт модар аст. Равоншиносон қайд мекунанд, агар дар рӯзу моҳҳои аввали бавоярасӣ кӯдак нафари қарину боэътимодро дар наздаш ҳис накунад, ҷиҳати инкишофи боварӣ ба худ ҳамчун шахсияти тому солим ноқис мемонад.

Робитаи иҷтимоии аввалини кӯдак ҳам аз модар оғоз мегардад. Ин робита аз ширмаконӣ сар мешавад. Ҳар рафтору гуфтори кӯдак, бозикунӣ бо бозичаҳо, шинохти муҳит тариқи ҳиссҳои панҷгона ва дигар фаъолиятҳои ӯ нишона аз рушди солим ва пайдо кардани робитаи қавӣ бо муҳит ва ҷомеа мебошад. Азбаски навзод ҳоло аз гуфтугӯи муқаррарӣ огоҳ нест, ӯ эҳсосот ва талаботашро тариқи гиря кардан ва садоҳои гуногун баровардан ифода мекунад. Аз ин рӯ ҳангоми гушна мондан, ё бинобар тагашро тар карда нороҳат шудан, вақтро дароз накашида эҳтиёҷаш ҳамоно бояд ба ҷой оварда шавад. Чунин амали модар дар кӯдак ҳисси бовариро тарбия дода, бо ҳар дафъаи ба оғӯш гирифтан, навозиш кардан ва меҳру муҳаббатро изҳор кардан ин робита то рафт қавитар мегардад.

Ҳар вақте кӯдак гурусна мемонаду модар дар рафъи эҳтиёҷи ӯ оҳистаравӣ мекунад, ӯ барои ҷалби диққати бештар даст ба амалҳои гуногун мезанад, ки метавонад ба ин тариқ ба худаш зарар расонад: худро ба замин мепартояд, бо садои баландтар чунон гиря мекунад, ки овозаш мегирад, сарашро ба замин ё девор мезанад ва ғайра. Чунин амалаҳои ноҷо торафт дар кӯдак ҳисси эътимод ба модарро аз байн бурда, боиси бемеҳр, холӣ аз ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат ба воя расиданаш мегарданд. Ҳеҷ гумон намекунам, ки чунин бавоярасии кӯдак ӯро дар оянда ҳамчун фарди солими ҷомеа шакл диҳад. Агар эҳтиёҷоти кӯдак саривақт ба ҷой оварда шаванд, ҳам кӯдак ва ҳам модар роҳат карда, миёни ҳарду робитаҳои солиму пурҳузур барпо мегарданд. Ҳамин тавр модар барои кӯдак ва кӯдак барои модар сабабгори стресс ва бағазабоӣ намегарданд.

Равоншиносон ва табибон қайд мекунанд, ки кӯдаки аз рӯзҳои аввали таваллуд аз модар дурмонда беҳузур ва ҳатто бемор ба воя мерасад. Вале ҳамин, ки модараш ҳоло ӯро ба оғӯш нагирифта, дохили ҳуҷра шаваду садояшро шунавад, дарҳол ором мешаваду тезтар ба сиҳҳату саломатияш мерасад. Аз ин рӯ аллакай солҳои зиёд боз дар кишварамон таҷрибаи баъд аз таваллуди фарзанд кӯдакро дарҳол ба оғӯши модар мондан ба кор бурда мешавад. Вақте кӯдак ба дунё меояд, зиёд гиря карда, дар ҷустуҷӯи амон мешавад. Ва ягон макони аминро танҳо дар оғӯш ва гармии бадани модар пайдо мекунад.


Давраи ҳомиладорӣ ва шуури модарӣ

Сонияҳои аввали ҳаёт

Инкишофи нутқ дар кӯдак

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s