Дар ташвиши фардо (2)

Бале, ӯро фикри фардо азият медод. Андешаи мабодо, ки фардо муҳтоҷи дигарон шавам, мағзашро фишор меовард. Соатҳо сари ҳамин масъала анде­ша дошт…

Воқеан, “фикри фардо”, ки маънои аз оянда андеша кардан ва дар хусуси кафолати он нигарон шудан, ё ин ки доир ба ҳодисаҳои эҳтимолие, ки дар оянда вуқуъ хоҳанд ёфт, дар ташвиш афтодан, безобита шудан, ҳатто дар хусуси он ки “шояд дар оянда як қатор нохушиҳо ба сарам биёяд”, ғусса хӯрданро ифода мекунад, тақрибан дар ҳама инсонҳо мавҷуд аст. Ба монанди ҳиссиёти дигари инсон, чун кунҷковӣ, муҳаббат, ҳирс ва тарс “фикри фардо” низ як ҳиссиёт аст. Агар инсон бидонад, ки ин ҳиссиёт ба ӯ барои чӣ дода шудааст ва онро ба мавқеъ истифода барад, зиён надорад. Вале, агар ноҷо ба кор бурда шуд, инсонро ба гирдоби балоҳо тела дода, аз зиндагӣ ва идомаи он ноумед гардонда, ба амалҳои оқибаташон ногувор савқ доданаш мумкин аст.

Андешаҳои нигаронкунандаи “мабодо дар дами пирӣ хор шавам, мабодо муҳтоҷи дигарон гардам” қариб ба сари аксарияти инсонҳо меояд. Хусусан дар айёми ҷавонӣ ҳиссиёти “ғами фардо” инсонро вобаста ба ояндаи худ ва ояндаи пайвандонаш… пайваста азият медиҳад ва миёни умеду ноумедӣ мегузорад. Чунончи ташвишҳои “Фардо чӣ кор мекунам? Дар кадом донишгоҳ таҳсил ме­кунам? Оё ба мактаби олӣ шомил шуда метавонам ё не? Мактаб ки тамом шуд, дар куҷо кор мекунам? Оё маоши мегирифтаам ба рӯзгорам мерасида бошад? Оё баъд аз даҳ сол хона харида метавонам? Агар не, пас, баъд аз баромадан ба нафақа дар куҷо зиндагӣ мекунам? Фарзандҳо, ки калон шуда, ҳар кадомаш пайи зиндагии худ рафт, маро кӣ нигоҳубин мекунад?” бешубҳа ҷавононро андуҳгину музтариб медоранд.

Ҳол он ки инсон натанҳо вобаста ба ояндаи дур, балки аз фардояш ва пас­фардояш ҳам кафолат дода наметавонад. Зеро оянда барои вай маълум нест. Ҳатто намедонад, ки ба ӯ то поёни ҳамин рӯз чӣ иттифоқ меафтад. Модоме ки чунин бошад, пас барои 5-10 ё 20 соли ҳаёти минбаъда месазад, ки беҳуда андеша карду ташвиш кашид? Аз ин лиҳоз инсон бояд ҳамин ҳақиқатро мудом дар хотир дошта, зиндагонӣ кунад ва кору машғулияту зиндагии ҳаррӯзаашро дар ҳамин асос ба роҳ монад. Вале ин маънои онро надорад, ки “оянда чӣ ме­шавад, барои мо маълум нест” гуфта, худро ба ғафлат афканем, не! Бояд ҳар рӯз бо низом, бо нақшаву ҳадафҳои маълуму мушаххас зиндагӣ кард.

Зимнан, чунин хулоса ҳам ҳосил нашавад, ки ҳиссиёти “аз оянда дар таш­виш будан” як ҳиссиёти беҷову нолозим аст. Ҳаргиз чунин нест! Аз он ки он дар фитрати инсон нуҳуфтааст, пас бесабаб ва беҳикмат нест ва барои ояндаи наздик ҳам не, балки барои саодати абадии инсон, барои ҳаёти дигаре ба ӯ ато шудааст.

Агар дуруст ва ба маврид истифода шавад, ба сармояи гароне таб­дил ёфтанаш мумкин аст. Бинобар ин чунин сармояеро барои орзуҳои беарзиши дунё ба кор бурдан, маънои бефоида истифода шудани онро дорад. Пас, биёед ҳиссиётамонро дар роҳи манфиатбахш истифода барем!

– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Бо коре машғул бошед, ки бароятон дилписанд аст!

Дания – кишвари дар ҷамъ аз ду вилояти Тоҷикистон хурдтар, вале…

Чӣ тавр одати китобхониро касб намоям?

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s