8 ашёи шахсие, ки мунтазам бояд иваз карда шаванд

Риояи қоидаву талаботи тозагӣ ва беҳдошти шахсиро ҳамагон аз кӯдакӣ меомӯзанд. Чунки ба он тандурустӣ ва саломатии ҳар инсон вобаста аст. Аз ин рӯ табибон тавсия медиҳанд, ки пас аз муҳлати истифода, ашёи шахсии зайл ҳатман иваз карда шаванд:

Шона
(дар 6-12 моҳ 1 маротиба)

combsИваз намудани шона бинобар муҳлати истифода ба як қатор сабаб ва омилҳо вобаста аст: сифати шона, навъи мӯйи сар, таркиб ва рангҳое, ки барои шаклу кайфият бахшидани мӯйи сар истифода бурда мешаванд. Вале гузашта аз ин, дермотологҳо тавсия медиҳанд, ки шона пас аз муддати истифодабарии 6-12 моҳ, ҳатман як маротиба иваз карда шавад. Дар муддати истифодабарии шона онро ақаллан дар давоми ҳафта як маротиба аз мӯйҳои сар ва аз ҳар гуна таркибҳои кимиёвии ҷамъшуда тоза намуд.

Дандоншӯяк
(дар 3 моҳ 1 маротиба)

toothbrushИн банд ба суханҳои зиёд ҳоҷат надорад. Зеро хурду калон доир ба аҳамияти тоза нигоҳ доштани саломатии даҳон бохабаранд. Дандонпизишкон ба таври қатъӣ тавсия медиҳанд, ки дандоншӯяк пас аз истифодабарӣ дар 3-4 моҳ ақаллан як маротиба бо наваш иваз карда шавад.

Таншӯяк
(дар 2 моҳ 1 маротиба)

wispАввалан бояд қайд кард, ки дермотологҳо ба таври қатъӣ аз истифодабарии таншӯякҳо даст кашиданро тавсия медиҳанд. Зеро онҳо муҳити муносиб барои зиёдшавии микро-организмҳоро фароҳам меоваранд. Вале, агар шумо мегуфта бошед, ки ҳангоми шустушӯи бадан бе таншӯяк наметавонам, пас як қатор тавсияҳои зайлро риоя намоед:

1. Пас аз истифода бурдани таншӯяк онро ҳатман хушк кунед;
2. Ба ҳеҷ ваҷҳ бо таншӯяк рӯй ва шармгоҳро шустушӯ накунед;
3. Таншӯякро ақаллан дар як ҳафта як маротиба тоза карда шӯед;
4. Таншӯякҳои синтетикиро дар 2 моҳ як маротиба ва дигар намуди онҳоро дар 3-4 ҳафта як маротиба иваз намоед.

Ҷойпӯши бистар
(дар 1 ҳафта 1 маротиба)

beddingБо ҳисоби миёна инсони солим ҳар шаб ҳангоми хоб тақрибан 250 мл арақ мекунад. Агар ба он пӯсти мурда, мӯйисар, пашми бадан, чанг, микро-организм ва ҳашаротҳои хурди гуногунро ҳам илова кунед, минбаъд рахти хоб дар назаратон на он қадар тоза менамояд. Аз ин рӯ табибон тавсия медиҳанд, ки ҷойпӯши рахти хоб дар як ҳафта на кам аз як маротиба бояд иваз карда шавад. Вале, агар шумо ҳар шаб пеш аз хоб кардан баданатонро шустушӯ намекарда бошед, пас дар як ҳафта аз ин муддат ҳам зудтар онро иваз намоед.

Ришгирак
(баъд аз 5-7 маротибаи истифодабарӣ)

razorРишгиракро одатан баъд аз кунд шудани теғаш иваз мекунанд. Вале бояд қайд кард, ки баъд аз истифода кардан, дар миёни теғҳо риш, пашм ва пӯстҳои мурда ҷамъ шуда, муҳити лозимаро барои бактерияву микро-организмҳо фароҳам меоваранд. Аз ин рӯ кунд шудани теғҳоро интизор нашуда, баъд аз 5-7 маротибаи истифодабарӣ ришгиракро ҳатман иваз намоед. Баъд аз ба кор бурдани ришгирак, онро ҳатман боэътино тоза карда, барои хушк шудан ба як сӯ гузоред.

Сачоқҳо

towel

Сачокҳое, ки баъд аз оббозӣ барои хушк кардани бадан истифода мешаванд, бояд баъд аз 3-4 маротибаи ба кор бурдан, иваз карда шаванд.

Сачоқҳое, ки барои дастпоккунӣ истифода мешаванд, бояд баъд аз 1-2 рӯзи ба кор бурдан, иваз карда шаванд. Агар оила ё теъдоди зиёди одамон як сачоқро истифода мекарда бошанд, пас аз он ҳам зудтар иваз карда шаванд. Табибон дар чунин ҳолат истифодаи сачоқҳои коғазинро тавсия медиҳанд.

Сачоқҳое, ки танҳо барои рӯйпоккунӣ истифода мешаванд, бояд ҳаррӯз иваз карда шаванд.

Саломат бошед!


Варзиш танҳо ҳифзи саломатӣ нест!

Оби хунук нӯшида хароб шавед!

Гурӯҳи хун ва хислати инсон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s