Салом, эй тимсоли вафо!

Охирҳои моҳи октябри соли 2016 ба хулосае расидем, ки бояд дар фазои интернетӣ сомонае бо забони тоҷикӣ пайдо шавад. Ин сомона бояд дар ҳақиқат аз куҷое ба мисли меҳмони нохонда, вале файзбахш “пайдо мешуд”. Сомонае барои мардуми тоҷикистонӣ ва ҳамаи ононе, ки берун аз марзи Тоҷикистон ба сар мебаранду ҳоло ҳам завқи бо забони модарӣ хонданро доранд, бояд пайдо мешуд. Ин сомона ба ягон қишри муайяни ҷомеа намебоист хитоб мекард. Сомона мебоист ба завқи кулли афроди ҷомеа –аз хурдсол то пиронсол–  мувофиқ фаъолият кунад. Ҳарчанд завқҳо гуногунанд ва ҳеҷ гоҳ дар як вақт тамоми завқҳои гуногунро татмин гардонидан мумкин нест, вале ба ҳар ҳол дар ин роҳ қадам заданро барои худ вазифа донистем.

Бо ҳамин ният, ба мисли мӯрчае, ки дар даст сатили об мехост оташи барои Ҳазрати Иброҳим афрохтаи Намрудро таскин бахшад, фаъолияти Сомонаи тафреҳӣ-ахлоқии “ОФТОБ”-ро барои гузоштани саҳми хеш дар тарғиби рӯшанфикрӣ, қавииродагӣ ва пойдории ахлоқи накӯ тариқи фазои интернетӣ сар кардем. Ҳадафи асосӣ ин буд, ки ҷомеаи тоҷикзабонро аз вартаи безавқӣ, беҳадафӣ, бефарҳангӣ, илмбезорӣ ва ҳар амали беҷову ноҷо, ки дар ботинаш на ҳикмат ниҳон аст ва на маъное мавҷуд, огоҳ созем. Чун дар фаҳмиш, фарҳанг, меъёрҳои адаб ва таълимоти арзишҳои маънавиямон ҳазар аз ҳар гуна рафтор ва гуфтори абас дар мақоми аввал ҷойгир аст, ҳайати эҷодии сомона остин барзада, бо ишқу шавқи зиёд саргарми коранд. Чун дар ин ҷода навкоронем, маҳсуламон аз хато ва ғалтҳои техникиву грамматикӣ барӣ нест. Аз ин рӯ барои сабру фаҳмиши некатон сипосгузорем.

Ба ҳеҷ ваҷҳ сомонаи “ОФТОБ” аз худаш муаллим тарошиданӣ нест. Зеро дар баробари таҳқиқ ва навиштани матлаб барои ҳамагон, мо низ аз донишу маълумот ба мисли Шумо баҳравар мегардем. Хониши китобҳоеро, ки дар бахши КИТОБХОНА тавсия мекунем, ба ҳеҷ ваҷҳ аввал худамон нахонда, ҷой надодаем. Ҳангоми омода намудани мақолаҳои тавсиявӣ доир ба тарбияи кӯдак, оиладорӣ ва пеша намудани ҳаёти солим, аввал он тавсияҳоро ба нафси хеш равона мекунем. Аз ин рӯ матлабҳои дар “ОФТОБ” навишташуда сараввал барои худи муаллифон хитоб карда, ҳаёти моро ба низом медароранд. Афсӯс, дар фазои интернетии тоҷикзабони бар асоси хатти кирилӣ, ки дар ин формат ва ё ба он наздик фаъолият мекарда бошад, то ҳол рӯ ба рӯ нашудаем. Ҳарчанд доир ба зебоӣ ва бузургии забони тоҷикӣ шеъру таронаҳо месароем, дар бораи меъроси хаттӣ-адабии ин фарҳанг достонҳо менависем, лекин бояд иқрор шуд, ки бузургони гузашта вазифаи худро иҷро карда рафтанд, аммо насли муосир дар вартаи батолат тапидан дораду ҷаҳди раҳо шудан аз ин разолатро ирода ҳам намекунад. Рағбат ба донишомӯзӣ, майли китобхонӣ ва шавқи боҳадафу бошуур зистан рӯз аз рӯз мемирад. Умед дорем, ки СИТОРАИ ДУРАХШОНИ ХОНАДОН ҳуҷраҳои торику дилмондаи ҷомеаи тоҷикистонӣ ва мардуми тоҷикзабонро аз нав нуронӣ гардонида, бори дигар ишқу муҳаббати омӯзишро аз маҳд то лаҳад дар дили ҳамагон шуълавар хоҳад кард.

Беш аз шаш моҳ шудааст, ки Сомонаи тафреҳӣ-ахлоқии “ОФТОБ” дар фазои интернетӣ дурахшидан дорад. Ҳайати эҷодӣ ба хонандагону мухлисони сомона барои дастгирӣ, ки бароямон хеле муҳим аст, изҳори миннатдорӣ мекунад. Умед дорем то нимсолаи оянда сафи хонандагон боз ҳам бештар гашта, Шумо –ҳаводорони сомона– низ дар ин ҷода саҳми хешро мегузоред.

Сарбаланду хонаобод бошед!

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s