Гули «ростӣ»

Шоҳзодаи Чин бояд ба тахт мебаромад, аммо тибқи оини давлатдории он замон, аввал оиладор шуданаш даркор буд. Ба хотири пайдо кардани номзади мувофиқ чанде аз духтарони ҷавони шаҳрро ба ҳузураш даъват кард. Духтари яке аз хизматгорони дарбор шоҳзодаро хеле зиёд дӯст медошт. Вай ҳам хоҳиш дошт, ки ба ҳузури шоҳзода барояд. Модараш ҳарчанд итобу сиёсат кард, аммо натавонист монеи духтар бишавад.

Соати таъиншуда фаро расид. Духтарони ҷавон ва зебои зиёде ҷамъ омаданд. Барои он ки писанди табъи шоҳзода бошанд, беҳтарин либосҳо пӯшида, худро бо қиматтарин дурру марҷон оро доданд. Хуллас, ки барои мақбули шоҳзода шудан ҳама роҳро ба кор бурданд.

Шоҳзода ба ҳар як духтар яктогӣ тухми гул дода, фармуд, ки онро ба гулдоне шинонда, баъд аз шаш моҳ ба ҳузури вай биёранд. Ҳар кас тухмро гирифта, бо шӯру ҳаяҷони зиёд сӯйи хонааш шитобид.

Духтари хизматгори дарбор низ тухми ба ӯ додаро ба гулдоне шинонд. Ҳарчанд бо диққат нигоҳ мекарду ба гулдон об мемонд ва хоки гулдонро нарм мекард, чизе намерӯид. Ҳама корро кард, бо чанд гулпарвар сӯҳбат карда, маслиҳат гирифт, аммо беасар буд.

Шаш моҳ гузашт, вале гулдон ҳанӯз холӣ буд. Бо вуҷуди он ки духтари хизматгор ба ҳузури шоҳзода гули мебурдагӣ надошт, аммо соати муқарраршуда бо гулдони холӣ ба дарбор рафт. Баракси вай духтарони дигар бо гулҳои зебо омада буданд. Ниҳоят соати муҳиму лаҳзаи ҳаяҷон фаро расид. Шоҳзода ба ҳуҷрае, ки духтарон ҷамъ омада буданд, ворид шуд. Ӯ гулдонҳоро як-як аз назар гузаронд ва эълон кард, ки духтари хизматгорро ба занӣ мегирад. Ҳама дар ҳайрат монд. Духтарони дигар ба ин қарори шоҳзода норозигӣ баён карданд.

– Ин чӣ гуна қарор аст, ки соҳиби гулдони холиро ҳамсар мегиред?,- мегуфтанд онҳо.

Шоҳзода вазъиятро чунин шарҳ дод:

– Ин бонуи ҷавон ба ман беҳтарин гулро тақдим кард. Гули ростиро! Чунки аз тухмҳои ба шумо додаам, гул намерӯид. Онҳо пуч буданд!

– Башир Усмон, Дидор


Қадри ҳақиқӣ

Рафтори ҳайратовари одамият

Ҳадя

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s