Ситораҳои тобони “Реал” Мадрид (1)

Kриштиану Роналду ҳамлагари мунтахаби миллии Португалия ва тими овозадори “Реал” Мадрид яке аз дурахшонтарин ситораи футболи аср XXI ба шумор меравад. Роналду тули 14 сол аст, ки дар арсаи футболи аврупоӣ ва ҷаҳонӣ футболи сатҳи олӣ нишон дода, бо маҳорати беҳамтояш дили ҳазорон мухлисро рабудааст.

Kриштиану Роналду афсонаи зиндаи “Реал” Мадрид аст ва рақами 7 бошад нишонаи фарқкунандаи он мебошад. Ба ҷуз Роналду боз кадом футболбозони маъруф таҳти ин рақам дар клуби испанӣ бозӣ кардаанд?

Шарафи рақами 7‐ум дар дастаи “шоҳона” аз бозубанди капитанӣ камтар нест. Баъд аз Раул ва Роналду, беҳтарин голзанҳо дар таърихи даста, соҳиби ин рақам танҳо футболбози беҳтарин шуда метавонад. Аммо агар ба таърихи “Реал” назар кунем, мебинем, ки ба ҷуз аз ҳар дуи онҳо бозикунони барҷастаи дигар ҳам, агар чӣ соҳибони тасодуфии рақам 7 истисно нестанд, бо ин рақам дар тими мадридӣ ҳунарнамоӣ кардаанд.

Раймонд Копа́ (1956 – 1959. Фаронса), 101 бозӣ, 30 гол

Раймонд Копашевский, ки дар оғози моҳи марти соли равон аз дунё гузашт, дар таърихи футбол бо номи кӯтоҳи Копа машҳур гардид. Копа солҳои 1950‐ум дар ҳайати мунтахаби Фаронса тобонтарин футболбоз буд ва бозии олиҷаноб нишон медод. Соли 1956 ба дастаи “Реал” гузашт. Ҳамроҳи “Реал” Раймонд Копа 3 маротиба соҳиби “Ҷоми Чемпионҳо”, 2 маротиби қаҳрамони “Ла Лига” ва баъд аз Алфредо Ди Стефано аввалин футболбози даста буд, ки сазовори “Тӯби тиллоӣ” гардид.

Амансио Амаро (1962 – 1976. Испания), 471 бозӣ, 154 гол

Копа тарки Мадрид кард ва то замоне, ки беҳтарин футболбози Галисия Амансио Амаро ба “Реал” наомад, тӯли чанд сол рақами 7 соҳиби доимӣ надошт. Сантяго Бернабеу шахсан барои даъвати Амаро заҳмати зиёд кашидааст. Амансио Амаро, қаҳрамони Аврупо дар соли 1964 (Испания), 14 сол дар ҳайти “Реал” бозии афсонавӣ нишон дода, 9 бор Чемпиони Испания ва 1 бор соҳиби “Ҷоми Чемпионҳо” гардидааст. Мухлисон Амароро барои бозии афсонавияш “El Brujo” (афсунгар) лақаб гузошта буданд.

Хуанито (1977 – 1987. Испания), 404 бозӣ, 121 гол

Фарзанди Андалусия, Хуан Гонсалес Гомес, ки маҳораташ аз Амаро камтар набуд, соҳиби рақами 7 дар “Реал” гардид. Хуанито барои мадридиҳо то ҳанӯз рамзи даста боқӣ мондааст ва ҳар вақте ба даста кӯмаки маънавӣ лозим шавад, “рӯҳи Хуанито”‐ро ба ёд меоранд. Вале хусусияти вижаи Хуанито ин буд, ки ӯ “Реал”‐ро дӯст медошт ва орзу дошт дар ин даста бозӣ кунад. Барои ҳамин дархости “Барселона”‐ро рад карда буд. “Аз ҳамаи дастаҳо “Реал”, аз ҳамаи шаҳрҳо бошад Мадридро интихоб мекунам” гуфтааст Хуанито. Ӯ дар Реал расо 10 сол бозӣ кард. Хуан Гонсалес Гомес соли 1987 дар синни 37 соалгӣ дар роҳи бозгашт ба шаҳри дӯстдоштааш – Мадрид, дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ аз дунё даргузшт.

(давом дорад)


Сармоя ва нерӯ дар футбол ақлу ҳушро мегирад?

“Ла Масия” бештар аз академияи муқаррарӣ аст

Рақами футболбозон ба худ маънои хос дорад

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s