Занҷирро машикан!

Ҳаётро бинобар ҳадаф ва нақшаи муайян зистан санъат аст. Санъат бе шоҳасар вуҷуд дошта наметавонад. Фарди оқил ва масъулиятшинос тӯли ҳаёти хеш дар пайи ба миён овардани чунин як шоҳасар мезияд. Ин фард мудрики ҳақиқати ашё ва ҳодисаҳои коинот аст. Аз ин рӯ кӯшиш мекунад, ки ба қадри ҳар нафас расида, меъросе пас аз худ боқӣ гузорад.

Дар сомонаи “ОФТОБ” доир ба танзими вақт ва аҳамияти ҳадафнок зистани ҳар соат зиёд гуфта шудааст. То ҳатто адабиёти лозима низ барои хониш тавсия дода шудаанд. Бахусус усули зисти ҷомеаи муосир ҳадафнок ва бинобар нақшаи муайяну созанда ба сар бурдан беш аз пеш инро талаб мекунад. Новобаста ба он ки фарди ҷомеа хонандаи мактаби миёна аст, донишҷӯ аст, коргар аст, зани хонашин ё нафақахӯр аст, ҳадафнок зиста миёни ҳаёти худ ва ҳаёти растаниву ҳайвонот фарқ гузоштанро бояд ҳадаф гузорад. Ҳамин тавр ӯ аз шарафи инсонияш дарак медиҳад.

Инак, хостем имрӯз доир ба усули танзими вақт ва чӣ гуна қадам ба қадам ба ҳадафҳои хеш метавон расид, ки “Занҷирро машикан!” ном дорад, маълумот диҳем. Мақсад аз ҷорӣ кардани нақшаи “Занҷирро машикан!” дар ҳаёти хеш ин аст, ки бефосила ва беистисно ҳаррӯз муддати як сол дар пеши худ ҳадафе гузошта, барои ҳақиқӣ гаштани он азм намоем. Ин ҳадаф бинобар талабот ва орзуҳои фард гуногун буда метавонанд: касби одати хубе ё тарки кадом як одати бад, донишҷӯи муваффақ шудан, коргари пешсаф будан, падар ё модари ғамхору нуктасанҷ шудан, малакаи касбиро боз ҳам такмил додан, соли равон ба як қатор кишварҳои хориҷӣ сафар кардан, асасри ҷолиберо ба қалам гирифтан, ҳамарӯза бо тамринҳои ҷисмонӣ машғул шудан, сигоркаширо тарк кардан, бефосила дар соатҳои муайяни рӯз ақаллан чизе навиштан, сабт кардан, акс гирифтан ё навореро қайд кардан ва ғайра. Муҳим он аст, ки ҳадафи дар пеш худ гузоштаро ба ҳеҷ ваҷҳ аз хотир набароварда, ба сӯйи он мунтазам ҳаракат намуд.

Орзу ва ҳадафҳоро муайян карда, ба дараҷаҳо тасниф намудан

Сараввал тамоми ҷиҳозҳои мобилӣ ва электрониро хомӯш кунед, агар имкон бошад макони ором ёфта дар он ҷо паноҳ баред. Як қалам гиреду болои коғаз тамоми ҳадаф, орзу одатҳои хубе, ки мехоҳед ноил гардед ва одатҳои баде, ки мехоҳед аз онҳо халос шавед, нависед! Ҳамин тавр на кам аз 15 дақиқа фикр карда, новобаста ба ин, ки онҳо нақшаҳои дарозмуддат ё кӯтоҳмуддат мебошанд, оромона ҳамаашро рӯйи коғаз оред. Он метавонад мошини дар хаёл дошта, хонае, ки ҳамроҳи оилаатон мехоҳед бихаред ё одати мунтазами китобхониро пайдо кардан ҳам бошад. Механизми тахайюл ва тафаккурро дар мағзи сар то суръати баландтарин ва қувваи охирин маҷбур карда барореду ба савияи баъдӣ бардоштани сифати ҳаёти худ омодагӣ бинед.

Баъд аз маълум кардани ҳадаф ва орзуҳо онҳоро ба дараҷаҳо тасниф намоед. Нақша ва орзуҳоеро, ки дар муддати як сол амалӣ кардан мехоҳед, ба синфи аввалиндараҷаҳо илова намоед. Ҳамин тавр боқимонда орзуву ҳадафҳоятонро ба синфҳои муайян, ки онҳо метавонанд дар умум нақшаҳои дарозмуддату кӯтоҳмуддатро ташкил намоянд, синфгузорӣ намоед.

Тақвими солонаи “Занҷирро машикан!”

Хуш, ҳоло ки нақша ва орзуҳои соли 2017-ро барои худ муайян кардаед, бояд як тақвими солонаи амалкуниро тартиб диҳем. Дар охири ин матлаб намунаи чунин як тақвими солонаро пайдо карда метавонед. Ҳамчунин Шумо озод ҳастед, ки мустақилона тақвими солонаи худро бо ороишу шаклҳои гуногун тартиб диҳед. Доир ба ороиш ва нақшу нигори он ҳар чӣ хоҳед бикунед. Муҳим он аст, ки тақвими мазкур бароятон дилкаш шавад. Он бояд чуноне дилкаш бошад, ки агар рӯзе ба он назар накунед, дилатон ғаш мешавад. Баъд аз тартиб додани тақвими ҳоло холӣ, онро дар ҷое овезон кунед, ки доим пеши чашматон бошад. Ҳамчунин дар айни замон Шумо метавонед якчанд чунин ҷадвалҳо тартиб диҳед. Яке барои ҳадафу орзуҳои касбӣ, ки он дар корхона овезон мешавад ва дигаре ҳадафу орзуҳои шахсӣ, ки онро дар хонаи худ овезон карда метавонед.

Баъд аз он ки ҳадаф ва орзуи муайянро барои дар соли 2017 ноил гаштан болои ҷадвал навиштед, низоми ба ҷой овардани қадамҳои заруруиро муайян кунед. Мисол, ман муаллимам, вале ҳадаф дорам, ки малака ва қобилияти нависандагиямро такмил диҳам. Пас болои тақвимам барои ишораи ҳадафи имсола “Такмили малакаи нависандагӣ” менависам.

Барои такмили малакаи нависандагӣ ман бояд ҳамарӯза на камтар аз 30 дақиқа бо навиштан машғул шавам. Агар ба таври иҷборӣ бошад ҳам, ман бояд худро маҷбур созам, ки 30 дақиқа доир ба чизе фикр карда нависам. Мавзӯи навиштам метавонад мизи корӣ, бориши борони баҳорӣ, ранги девори мактаб ва ғайра бошад. Муҳим он аст, ки ҳамарӯза доир ба чизе нависам. Ҳарчанд дар аввал чунин амал бароятон холӣ аз маъно метобад, вале бояд иқрор шуд, ки баъдан малакаи навишт қадам ба қадам сайқал ёфта, аллакай доир ба мавзӯҳои ҷолибу мубрам матлабҳо навиштанро кӯшиш мекунед. Калимаҳо ба ибора, ибораҳо ба ҷумла, ҷумлаҳо ба параграфҳо табдил ёфта, ҳамзамон боварӣ ва шавқатон низ зиёд мегарданд.

table

Ҳамин тавр ҳар вақте дар давоми сол 30 дақиқа барои такмили малакаи навиштан ҳамарӯза тамрин мекунед, таърихи ҳамон рӯзро дар ҷадвал бо ранги сурхи баланд хат мезанед. Рӯзҳои пайдарҳами хатзадашуда як силсиларо ташкил медиҳанд, ки ба занҷир монанд хоҳанд шуд. Мақсад аз ин амал ҳам ин аст, ки пайдарҳамии занҷири мазкур ба ҳеҷ ваҷҳ набояд канда шавад. Дар баробари қавӣ гаштани пайдарҳамии ишораҳои занҷирмонанд дар рӯйи ҷадвал, нақша ва орзуи пешгирифтаатон низ барои ҳақиқӣ шудан то рафт наздик мешавад.

chain_2

Ҳамин тавр дар мисоли муаллими малакаи навишташро такмилдиҳанда, Шумо низ барои худ як ҳадаф интихоб намуда, бардавом бинобар низоми муайян барои касби малакаи нав ё сайқал додани қобилияти мавҷуда, орзу ё ҳадаф ҷаҳд кунед. Майдон аз далер аст!


zanjir.jpg

PDF: ЗАНҶИР


Роҳбалади нафарони қавиирода

Ғофил манишин, на вақти бозист!

Ҳаёти созанда аз нақшаи рӯз оғоз меёбад

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s