Cолгарди издивоҷ

Мард ҳар сол дар рӯзи издивоҷ барои ҳамсараш як сабад гули сурх мефиристод. Ин то он замоне идома ёфт, ки мард дар қайди ҳаёт буд. Ниҳоят, рӯзе корвони умри ӯ ҳам аз дунё ба охират роҳ гирифт. Маросими дафнашро гузаронданд. Ёру дӯстон барои тасаллияш омаданд. Ҳамдардӣ карданду рафтанд. Зан низ аз мазори азизаш ба хона рафт. Ба хонае, ки дигар танҳо буд, ҳамроҳу ҳамсафар надошт.

Ҳамсарашро ёд карда, доим мегирист. Аз дарахти тақвим рӯзҳо яке паси ҳам мисли баргҳои хазон дар фасли пойиз рехтан гирифтанд. Як солгарди дигари издивоҷашон ҳам фаро расид. Дар ин рӯз садои дар баланд шуд. Дарро вокард, аммо касеро ба ғайр аз як сабади пур аз гулҳои садбарг надид. Зан аз ғояти ҳаяҷон ба ларза даромад. Сабадро аз замин бардошт, ки чашмаш ба руқъаи рӯи он афтид. Бо тарс ба хондан сар кард:

«Ҳамсари азизам!
Медонам, ин армуғон туро сахт дар ҳайрат мегузорад, аммо мехоҳам бидонӣ, ки ту ҳама вақт рафиқи қарини ману беҳтарин ҳамдарди ман будӣ. Бидон, ки дар ҳаёт набошам ҳам, аз дӯстдориат бознаистодаам. Бароят ҳаёти пур аз шодию нишот орзу мекунам. Хоҳиш дорам, ки ҳаётатро бо шодмонӣ гузарон ва маро бисёр фикр накун. Ин гулҳои садбарг то замоне ки ту онҳоро қабул мекунӣ, бароят фиристода мешаванд. Рӯзе, ки гулфурӯш бароят гул оварду туро дар хона пайдо накард, бармегардад. Он рӯз гулфурӯш панҷ маротиба ба хона меравад, агар туро наёфт, мефаҳмад, ки ту ҳам бо ман пайвастаӣ. Ҳамсари ҳанӯз дӯстдори ту!»

Зан гумон кард, ин шӯхии хунукест, ки касе нисбаташ анҷом дода. Ба гулфурӯш занг зада, ҳол пурсид. Гулфурӯш воқеаро ба зан фаҳмонд:

– Хонум, ҳамсаратон ҳар сол аз ман дар солгарди издивоҷатон гул мехарид. Гуфта буд, ки агар вафот кунад, ман баъди маргаш ҳам дар рӯзи муқарраршуда бароятон гул барам. Ҳақи гулҳоро барзиёд пардохтааст.

Зан телефонро дар ҳоле ки дасташ меларзид ва қариб буд, ки аз дасташ афтад, гузошт. Бо чашмони пури ашк гулҳоро ба оғӯш гирифт…

– Башир Усмон, Дидор


Шустушӯи қалб

Ниҳоли зиндагӣ

Танҳоӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s