Телевизор – аждаҳое, ки вақти моро мехӯрад!

Телевизор як ҷузъи ногусастании ҳаёти инсони муосирро ташкил медиҳад. Ҳамарӯза моро дар нақлиёту кӯча, дар кор ва маконҳои истироҳатӣ дунболагирӣ мекунад. Вале муҳосираи асосиро мо дар хонаи худ аз сар мегузаронем. Баробари ба хона расидан зуд ин “қуттии сеҳрнок” ё интернетро барои тамошо ё дарёфти ягон силсилафилми шавқангез фаъол мекунем. Тадриҷан ин амал ба одати бад табдил ёфта инсонро ба худ вобаста мекунад.

Аҷиб аст, вале технология, ки мебоист барои пешрафту тараққиёт ва тавсеаи ҷаҳонбинии одамон хизмат мекард, имрӯз аломати кӯтоҳназарӣ ва танбалӣ гаштааст. Дар аввал одамон барномаҳои телевизиониро танҳо дар вақтҳои холӣ тамошо мекарданд. Баъд силсилафилмҳоро эҷод карданд ва акнун одамон танҳо замони намоиши танаффусҳои тарғиботӣ аз телевизор чашм мекананд.

Тадқиқоти мухталиф ба мо рақамҳои гуногун пешниҳод мекунанд ,ки ҳамаи онҳо нигаронкунандаанд. Сокини имрӯзаи шаҳр барои тамошои телевизор дар як рӯз ба ҳисоби миёна 3 соат сарф мекунад, ки ин миқдори калони вақти холии ӯро дарбар мегирад.

Фарз кунем, ки як тоҷикистонӣ ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 6 соат хоб мекунад. Аз 24 соат 6 соаташро кам кунем 18 соат боқӣ мемонад. Аз ин миқдор боз 3 соаташро дар назди телевизор мегузаронад. Яъне 1/6 қисмати вақти бедориашро бо тамошои телевизор сарф мекунад. Ҳамин тариқ, дар як ҳафта ӯ дасти кам як рӯзро ба тамошои телевизор мегузаронад. Аз 6 моҳ як моҳаш дар рӯ ба рӯйи ин “қутти сеҳрнок” бухор шуда меравад. Дар як сол бошад ду моҳи вақти пурқимматашро сарф мекунад. Агар васеътар гирем тибқи ҳисобҳои боло тӯли 12 соли умри гаронаш 2 соли онро бо тамошои телевизор мегузаронад.

Аммо ба таври дигар рафтор кардан мумкин аст. Маълум аст, ки якбора бартараф кардани ин одати бад хеле душвор аст. Аз ин рӯ метавонем ин миқдорро ба як соат дар 1 рӯз оварда расонем. Ҳамин тариқ мо дар 1 сол 365 соат тасарруф хоҳем кард. Агар ин миқдор вақтро ба ҳафтаи кории 40-соатӣ тақсим кунем, дар ҳаёти мо 9,5 ҳафтаи нави фаъолиятҳои пурсамар пайдо хоҳад шуд. Гӯё ки мо дар як сол, ду моҳ зиёдтар умр ба сар мебарем.

Фарз кардем ба ин кор муваффақ шудем, пас ин ду соат, вақте ки тасарруф кардем ба чӣ кор сарф кунем? Ин ватқро метавонем бо мутолиа китоб гузаронем. Ҳар шахс вобаста ба ихтисос, кору фаъолият ва ҳадафҳои дар пеш гузоштааш китобу маҷалла ва сабтҳои савтии рӯҳбаландкунанда гӯш кунад. Донишҷӯён бошанд метавонанд малакаи забондонии худро, ки дар ҷомеаи имрӯз донистани онҳо мубрам аст, сайқал диҳанд.

Дар замоне, ки ҳар дақиқа баробари тилло арзиш дорад, сарфи он барои корҳои беҳуда ба фоидаи кор нест. Мо набояд нисбати ояндаи хеш фориғболӣ кунем, чун ки дар он худи мо зиндагӣ хоҳем кард. Рафтору кирдорҳо муайянкунандаи ояндаи мо мебошанд. Агар хоҳем дар оянда хушбахту муваффақ бошем, зарур аст одату рафтори худро бори дигар аз назар гузаронем. Зеро ҳеч бор нашудааст, ки деҳқон ҷав коштаю гандум ғундошта бошад.

– Достиев Неъмат


Телевизор “қотил”-и инсон аст

Модари коргар ва тарбияи фарзанд

Нури экран ва майнаи сари инсон

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s