Ситораҳои тобони “Реал” Мадрид (2)

Эмилио Бутрагенйо (1987 – 1995. Испания), 463 бозӣ, 171 гол

Баъд аз Копаи фаронсавӣ ва ситораҳои Галисияву Андалусия, ки афсонаи футболи клуби “Реал” гардиданд, навбат ба шаҳрванди бумии Мадрид ва дастпарвари “Галактикос” Эмилио Бутрагенйо Сантос расид. Пироҳане, ки аз Хуанито ба ӯ гузашта буд, Бутрагенйо бо ифтихор бабар кард. Бутрагенйо дар феҳристи голзанҳои беҳтарини клуби “Реал” дар зинаи 10 қарор дорад ва дар Аврупо бошад танҳо аз дастаи “шоҳона” бозӣ кардааст. Фақат дар охири карйерааш дар ҳайати “Атлетико Селая”‐и Мексика ба майдон баромада буд.

Хуан Эснайдер (1995 – 1996. Аргентина), 41 бозӣ, 4 гол

Хуан Эснайдери аргентинӣ дар ин феҳрист аз соҳибони туфайлии ин рақам ба ҳисоб меравад. Эснайдер бори аввал дар синн 18-солагӣ ба Мадрид омад, лекин маҳораташро нишон дода натавонистааст. Сипас ба клуби “Сарагоса” гузашта, дар ду мавсим бозии олӣ нишон дод. “Реал” дубора футболбозро ба даста даъват намуд. Эснайдер бошад, рақами 7-ро талаб кард. Лекин ӯ зери ин рақам танҳо 1 мавсим бозӣ кард ва 1 гол ба дарвозаи рақиб зада тавонисту халос. Ҳамин тавр Хуан Эснайдер бо сабаби беинтизомӣ ва хислати ҷанҷолӣ доштанаш, натавонист маҳораташро ба мухлисони бланкос нишон бидиҳад.

Раул (1996 – 2010. Испания), 741 бозӣ, 323 гол

Ҳамлагар Раул Гонсалес Бланко аз тобонтарин ситораҳои футболи ҷаҳонии асри гузашта ва даҳаи аввали асри 21 ба шумор меравад. Аслан Раул дастпарвари клуби дигари мадридӣ – “Атлетико” буд, вале баъд аз он ки Хесус Хил академияи “Атлетико”‐ро пароканда кард, ситораи ҷавон ба қисмати дигари Мадрид кӯч баст. Дар замони ҳунарнамоии Раул “Реал” Мадрид се маротиб соҳиби “Ҷоми Чемпионҳо” шуд ва дар рӯзҳои дурахши ситораи ӯ мухлисон шӯхимоез дастаашонро “Раул Мадрид” меномиданд. То як замон ҳамлагар голзани беҳтаин дар таърихи клуби “Реал” Мадрид дониста мешуд. Вале аз ҳисоби бозиҳо дар ҳайати даста эҳтимол дар даҳсолаи наздик касе рекорди ӯро шикаста натавонад. Раул Гонсалес 741 бор бо рақами 7 дар пушташ вориди майдон гардидааст.

Криштиану Роналду (2010 –… Португалия), 382 бозӣ, 390 гол

Криштиану Роналду беҳтарин голзан (бомбардир) ва пурсамартарин ҳамлагар дар таърихи клуби “шоҳона” ба шумор меравад ва бо ҳар як голи нави задааш рекорди худро “тозагӣ” мебахшад. Ҳисоби миёнаи голзании Роналду 1.02 гол дар як бозиро ташкил медиҳад, ки ин аз Раул (0.44) зиёдтар аст. Зимнан, Роналду мавсим аввал дар Реал бо рақами 9 оғоз намуда буд, зеро Раул ҳанӯз дар даста бозӣ мекард. Баъд аз Раул пироҳани рақами 7 насиби Роналду гардид ва то ҳанӯз на танҳо шарафи онро ба замин назадааст, балки онро ба зинаи нав баровард.

Копа, Амансио, Хуанито, Бутрагенйо, Раул ва Роналду дар ҳайати “Реал” Мадир дар як ҷоягӣ 1200 гол задаанд. Криштиану Роналду 32 сол дорад, дер ё зуд аз даста хоҳад рафт ва бар дӯши нафаре, ки ин пироҳан ба ӯ мерос мемонад, бори гароне хоҳад гузошт. Оё нафари баъдӣ метавонад шараф ва мақоми ин қарамро ҳифз кунад?

– таҳияи Достиев Неъмат


“Ла Масия” бештар аз академияи муқаррарӣ аст

Рақами футболбозон ба худ маънои хос дорад

Сармоя ва нерӯ дар футбол ақлу ҳушро мегирад?

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s