Олимони амрикоӣ, муайян кардаанд ки истеъмоли мунтазами тухм метавонад хатари пайдо шудани саратони ғадуди шир дар занҳоро пешгирӣ кунад.
Аксар нафарон ҳангом истеъмоли тухми обпаз дар ғизогирии ҳамарӯза, бештар сафедии онро тановул карда, зардияишро мепартоянд. Ҳазар аз зардии тухм бинобар холестерини дар таркибаш буда сар мезанад. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки холестерин ба бемории атеросклероз (басташавии рагҳо) оварда расонида метавонад. Вале бомеъёр истеъмол намудани ғизо касро шифо шуда ҳам метавонад. Тухми обпазшударо бо сафедиву зардияш тановул кардан, бахусу занҳоро аз бемории саратони ғадуди шир ҳифз мекунад.
Дар таркиби тухм кислотаи равғании Омега-6 мавҷуд аст, ки дорои хосияти беназир мебошад. Он метавонад моддаҳоеро, ки дар бадани зан боиси ба миён омадани илтҳоб мегардад, ғайрифаъол кунад. Омега-6 ба кори узв ва системаҳои ҳаётӣ таъсири судманд мерасонад. Муҳаққиқон қайд мекунанд, ки дар таркиби тухм боз витаминҳои хеле муҳим барои фаъолияти муътадили ҳуҷайраҳо мавҷуд аст, ки новобаста аз ҷинс, синну сол барои ҳама ҳаётӣ маҳсубанд.
Тадқиқот дар ин самт аз соли 2003 инҷониб гузаронида мешаванд. Ҳанӯз дар оғози ин фаъолиятҳо олимон муайян карда буданд, ки истеъмоли мунтазами тухм метавонад хатари пайдо шудани саратони ғадуди шир дар занҳоро пешгирӣ кунад. Соли 2016 бошад олимон маълумоти дақиқтарро пешниҳод намуданд, ки бинобар он, агар инсон дар як ҳафта 6 ё аз он зиёд тухм истеъмол кунад, хатари сар задани бемориҳои саратонӣ то 44% коҳиш меёбанд. Маълумоти донишмандон дар асоси мушоҳида аз болои ду гурӯҳ ба даст оварда шудаанд. Гурӯҳе, ки тухмро мунтазам ба ғизои худ илова мекард ва гурӯҳе, ки тамоман аз истеъмоли тухм даст кашидаанд.
Аз ин рӯ коршиносон бахусус ба занҳо бо исрор тавсия медиҳанд, ки дар як рӯз ақаллан як тухмро бо зардияш истеъмол намоянд. Зеро он метавонад хатари сар задани саратони ғадуди ширро пешгирӣ кунад.
Саломат бошед!
– таҳияи Достиев Неъмат
Истеъмоли сабзавот ва меваи мавсимӣ зарур аст
One Comment Add yours