Заҳр

Солҳо пеш дар Чин духтаре бо номи Лилӣ хонадор шуда, бо ҳамсар ва хушдоманаш дар як хона зиндагӣ оғоз мекунад. Вале бо гузашти вақт, андак−андак миёни келину хушдоман сардӣ пайдо мешавад. Ситораҳояшон ба ҳам мувофиқ наомада, зуд-зуд моҷароҳои оилавӣ сар мезаданд. Ин амал дар анъанаи мардуми Чин чизи бад маҳсуб шуда, мавриди танқид қарор мегирифт. 

Баъди чанд моҳи издивоҷ хона барои келину хушдоман дӯзахро мемонд. Рӯзе зани ҷавон барои бартараф кардани ин вазъияти нохушоянд ба назди як рафиқи падараш рафт, ки аз гиёҳҳои гуногун дору тайёр мекард. Дардашро фаҳмонда, аз дӯсти падараш хоҳиш кард, ба ӯ ягон маъҷун ё заҳре диҳад, ки тавонад аз хушдоманаш халос шавад. Марди пир аз маҳлули чанд гиёҳ доруе тайёр карда:

– Аз ин маҳлул давоми се моҳ ба хӯроки хушдоманат илова кун. Заҳр бояд кам-кам дода шавад, то касе пай набарад, ки хушдоманатро ту куштаӣ. Дар ин муддат бо хушдоманат муносибататро беҳтар намо, лазизтарин хӯрокҳоро барояш омода бикун,- маслиҳат дод дорусоз.

Лилӣ дар ниҳояти хурсандӣ ба хона расида, зуд аз пайи гуфтаҳои марди дорусоз мешавад. Ҳар рӯз хӯрокҳои лазиз пухта, ба онҳо кам-кам аз он маъҷун илова мекунад. Касе шубҳа накунад гуфта, бо хушдоманаш самимӣ шуда, муносибаташро беҳтар месозад. Баъди муддате хушдоман ҳам муносибаташро бо ӯ дигар мекунад. Акнун ба Лилӣ чун бо духтари худ муомила менамояд. Дар хона насими сулҳ мевазад. 

Зани ҷавон аз амалҳои то ҳол анҷомдодааш сахт пушаймон шуда, тозон ба назди дорусози пир меравад. Аз ӯ хоҳиш мекунад, ки барои аз хуни хушдоманаш тоза кардани заҳр ба ӯ ягон доруи дигар диҳад. 

Лилӣ мегӯяд: 

– Акнун намехоҳам хушдоманам бимирад. Кӯмак кунед! 

Марди пир ба зани ҷавон, ки бо дидаҳои пуроб дар рӯ ба рӯяш меистод, бо табассум мегӯяд:

– Духтарам, он чӣ ки ба ту додам, витамине беш набуд. Онҳо хушдоманатро намекушанд, балки қувват мебахшанд. Заҳри асосӣ дар майнаи ту буд. Ту, ки бо хушдоманат созиш кардӣ, заҳр аз майнаат нест шуда, ҷояшро муҳаббат гирифт.

– Башир Усмон, “Дидор”


One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s