Шоҳмотбозиро авло донист!
Марсел Дюшан (1887-1968)
Рассоми фаронсавӣ, ки бо номҳои “Дадаист” ва “Фавқулоддагаро” шинохта мешуд, баракси дигар Бартлбиҳо навиштанро не, балки расмкаширо тарк намуд. Дюшан пас аз эҷоди “Оинаи бузург” ном асараш мисле ки беақида монд ва тарки рассомиро бар такрори эҷод тарҷеҳ дод. Вақте аз вай сабаб мепурсиданд, мегуфт: “Дигар фикри тозае надорам!” Марсел Дюшан қариб 50 сол ба ҷои расмкашӣ ба шоҳмотбозӣ машғул шуд. Баъди солиёни дароз аз ҷониби рассомони ҷавон ӯ аз нав кашф шуд ва бе он ки асари наве офарида бошад ҳамчун санъаткор эътироф гардид.
Гӯё садошикан пӯшида буд
Эдмундо де Беттенкур (1899-1973)
Эдмундо де Беттенкур беҳтарин асараш “Поэмас Зурдос”-ро соли 1940 таълиф намуда, сипас худро ба қаъри хомӯшии 23-сола афканд. Таваҷуҳеро, ки нисбат ба китобаш чашмдор буд, ба даст наовард ва комилан ноумед гардид. Дигар ба рӯзномаву маҷаллаҳои адабӣ, ки барояш нашри махсус ҷудо мекарданд, эътибор намедод. Даҳ сол пеш аз маргаш ашъорашро дар китобе гирдоварӣ намуд ва боз ба қаъри хомӯшӣ рафт. Вақте шоир даргузашт, рӯзномаи “Република” чунин навишт: “Шоир солҳои охири зиндагиашро мисли ин ки садошикан ба бар карда бошад, хомӯшона ва бидуни эҷоди мисраъе сипарӣ кард”.
– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”
One Comment Add yours