Вақте набераи донишҷӯяш парешону ғамгин ба хона омад, пиразан аввал чизе нагуфт. Вале субҳи рӯзи дигар чун ҳама пайи кор рафтанд, оҳиста ба ҳуҷраи духтарак омада пурсид:
– Чӣ дард дорӣ, духтарам? Аз дина боз бедимоғӣ. Гумон кардем агар танҳоят монем, мегузарад, вале мебинам, ки ҳоло ҳам ғамгинӣ..!
Пиразан ба чашмони ба гиристан моили набера нигариста, донист, ки як олам роз доранд онҳо. Хост бори ин ғам аз дӯши наберааш бардорад. Бо ин ният рӯ ба рӯи духтарак нишаст. Ба чашмони вай нигарист ва гуфт:
– Ҳама рафтанд, ҷони бибӣ. Мо танҳо мондем. Ку бигӯ чӣ гап шудааст?
Бибӣ нозбардори духтарак аст. Вақте дар шашсолагӣ модараш аз дунё гузашт, духтарак худро дар оғӯши пур аз меҳри ӯ ёфт. Аз ин рӯ розашро ба пиразан мегӯяд. Ба қавле ҳамрози якдигаранд онҳо. Ҳатто боре набера аз айёми ҷавониҳои пиразан прурсида буд, чӣ гуна ошиқ шуданашро ва ба кӣ хонадор шуданашро… Он замон қаноат ҳосил карда буд, ки мешавад чунин мавзуъҳои ҳассоси ҳаётро ҳам ба бибӣ гуфт. Бинобар ин имрӯз аввал каме шарм дошта бошад ҳам гиреҳи дилашро кушод.
– Як ҷавони ҳамсабақам буд… – бо сари хам гап сар кард набера,- мо… чанд вақт буд, ки бо ҳам гап мезадем… Бачаи боодоб, хушрафтор ва намуна буд… Ният доштам, ки агар… агар мактабро тамом кунем ва шумо ҳам розӣ шавед…
Духтарак идомаи суханашро аз ғояти шарму ҳаё нагуфт. Вале ба бибии рӯзгордидаи ботаҷриба масъала аллакай фаҳмо шуда буд.
– Хайр, барои чӣ ғамдорӣ ин хел бошад? Ҷавон ба дилат бошад, боодобу хушрафтор бошад, дигар чӣ ғусса мехӯрӣ? Ӯ ҳам моил аст? – пурсид пиразан.
– Ҳа, дар аввал ҳамин хел буду… баъд тамоман дигар шуд, гуфтораш ҳам рафтораш ҳам… Дина бошад… яку якбора гуфт, дигар намехоҳад ин муносибат идома ёбад… Муносибат… яъне, ки мо танҳо сӯҳбат мекардем…
– Медонам, духтарам. Аз ту дилам пур, ки хато намекунӣ…
Набера ҳиқ-ҳиқ гиря дошт, пиразан сари ӯро ба бағал гирифта, сила мекард ва аз хусуси чизе меандешид…
(давом дорад)
One Comment Add yours