Муҳаббат ва дуо

Мозес Менделсон файласуфи яҳудитабори олмонист, ки айёми зиндагониаш ба солҳои 1729−1786 рост меояд. Дар ҷавонӣ чандон ҳусни дилкаш надошт, балки бо қади пасту кӯзпушт буданаш зишту дағал менамуд.

Ӯ боре ба зиёрати як соҳибкор меравад, ки дар шаҳри Гамбург зиндагӣ мекард. Соҳибкор бо номи Фрумте духтаре дошт бағоят соҳибҷамол. Мозеси ҷавон ба духтари соҳибкор дил мебандад. Аммо чандон умед надошт, зеро духтари зебо аз ҳусни безеби ҷавон рамида буд. Бинобар ин, на танҳо ба ишқи Мозес ҷавоб намедод, балки ба рӯяш ҳам нигоҳ кардан намехост. Вақте соати рафтанаш расид, пеш аз хайрухуш ҷавон тамоми ҷасораташро ҷамъ карда, ба духтар рӯ ба рӯ шуд ва матлабашро фаҳмонд. Ҳусну ҷамоли духтар ба ҳадде буд, ки Мозес лаҳзае гумон кард, ки ӯро ҳамин ҳоло аз ҷаннат фиристодаанд. Аммо сар набардоштану ба рӯи ӯ нигоҳ накардани Фрумте ҷавонро хеле озурда кард. Ӯ аз муқовимати духтар ранҷид. Ҷавони дағалнамо ва ошиқи ноумед дар рафти суханрониаш, ки бо тамоми ҷасораташ оғоз карда буд, ба духтари соҳибкор суоли зебое дод.

− Мегӯянд, ки издивоҷро тақдир муайян мекунад, шумо ба ин бовар доред?

− Бале, бовар мекунам, −гуфт духтар ва чашм аз замин накандаву сар боло накарда, пурсид:

− Шумо чӣ, оё ба ин фикр розиед?

Мозес лаҳзае ҳам тараддуд накарда, ҷавоб дод:

− Албатта, бовар дорам!

− Модари ман ҳангоми ҳомила буданаш, вақте ҳис мекунад, ки дар батнаш писар дорад, чунин дуо мекунад: “Худовандо, бешак, барои ҷигарбанди ман ҳам бо тақдири худ духтаре муайян кардаӣ. Агар дар сурати духтаре, ки оянда азизи ман бо ӯ оиладор мешавад, ягон нуқсу камбудӣ бошад, ҳамон нуқсро ба фарзанди ман бубахш, вале духтари ҳамтақдираш соҳибҷамолу хушрӯ бошад. Зеро зани безеби бадрӯ аз марди дағалсурату зишт назарногиртар аст”.

Баъди ин суханони Мозес Фрумте сар аз замин бардошту ба умқи чашмони ҷавон нигарист ва дасташро ба сӯи ӯ дароз карда, аз дасти Мозес гирифт… ва баъдтар ҳамсари маҳбуби ӯ шуд.

P.S: Ин қиссаи издивоҷи бобову бибии бастакори машҳури олмонӣ Менделсон аст.

– Башир Усмон, “Дидор”


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s