Муҳаббат ва шиддати он (2)

Воқеан, ба инсон ҳиссиёти зиёд ато шудааст, ки баъзеашон да­вомнок ва баъзеи дигар дар давраҳои муайяни умр шиддат меёбанд. Чунончи ҳисси дӯст доштан, тарсу ваҳм дар ҳама инсонҳо ҳаст, вале дар бархе шиддати он паст асту дар бархе баланд. Масалан, ҳисси дӯст доштан дар тамоми умри инсон идома меёбад. Зеро нафаре хӯроки ла­зизро дӯст медорад, нафари дигар ба пайвандон муҳаббати беандоза дорад. Вале муҳаббат ё дӯст доштани ҷинси муқобил эҳсосест, ки ода­тан дар айёми ҷавонӣ туғён мекунад. Дар ин давра ҷавонҳои синни 18- 20 андак-андак оташи муҳаббат ва эҳсоси дӯстдориро дар вуҷудашон ҳис мекунанд. Теъдоди хеле ками онҳо, агар аз ин ҳиссиёт сарфи на­зар накунанд, аксарият онро ба қавле “парвариш” медиҳанд, дар кӯраи он месӯзанд ва ҳатто обу адо ҳам мешаванд. Иддае ҳам ҳамсолони худро аз ҷинси муқобил хуш дошта, кӯшиши муносибат барпо кардан менамоянд, вале чун ба мурод намерасанд ва ё ҳама чиз ба хости онҳо анҷом намешавад, ноумед, роҳгум ва парешон мегарданд. Баъзеҳо ҳатто аз нодонӣ даст ба амалҳое ҳам мезананд, ки оқибаташ надомату пушаймонӣ дорад…

Ҳол он ки инсон ҳазорон ҳиссиёт дорад ва ҳар як ҳиссиёти инсон ба монанди муҳаббат ду мартаба дорад: яке маҷозӣ, дигаре ҳақиқӣ. Агар ҳиссиёт дар ҷои дуруст, яъне ҳақиқӣ истифода шавад, чандон аламовар нест, касро азият намедиҳад. Вале агар мо ҳама ҳиссиётамонро дар мартаба ва роҳи маҷозиаш ба кор бурдем, ҳам ҷисмонӣ ва ҳам маънавӣ зарар диданамон ногузир аст.

Зимнан, ишқ, ки ҷавонон зиёд побанди он мешаванд, муҳаббати шиддатнокест. Ин ҳиссиёт бештари вақт, аз он ки дар роҳи маҷоз ва ба маҳбуби фонӣ равона мешавад, ошиқро ба ранҷу азоби мудовим гирифтор месозад.

Он чӣ ки дар ҷавонӣ ҳамчун ишқ ва муҳаббату дӯстдорӣ ном бурда мешавад ва ҷавонон ҳам ба он побанд мемонанд, кулфате беш нест ва агар нек бингаред онҳо танҳо ба сурат ва зебоии маъшуқ дил баста­анд. Сурат бошад дигаршаванда аст ва зебоӣ завол меёбад. Пас, он чи ки заволпазир аст, зебоии ҳақиқӣ нест ва намеарзад қалбро, ки барои муҳаббат ба зебоии ҳақиқӣ офарида шудааст, барои он ранҷ дод.

– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s