Гулҳо барои чӣ?

Ҷавон баъди солҳои тӯлонӣ аз муҳоҷират ба Тоҷикистон баргашт. Дар остонаи дар ӯро ҳамсару тифлакони дӯстрӯяш пешвоз гирифтанд. Ӯ дастагули зеборо, ки аз гулҳои рангорангу хушбӯ таркиб ёфта буд, ба ҳамсараш дароз кард. Зан ки баъди арӯсиаш бори охир дар яксолагии издивоҷашон гулдаста гирифта буд, ин амали шаваҳарашро фаҳм карда наметавонист. Ҳайрон шуда пурсид:

− Ин гулҳо ба чӣ хотиранд?

Марди хонадон табассум карду чизе нагуфт, аммо аз дилаш фикре гузашт: “Бечора ҳамсарам, хабар надорад”.

Зан ба суолаш ҷавоб нагирифта бошад ҳам, пофишорӣ накард. Охир, вай паёмакҳои телефонии рӯзҳои охир фиристодаи шаваҳрашро низ сарфаҳм рафта наметавонист. Ин кори шавҳар ҳам занро ҳайрон карда буд, зеро собиқа надошт. Паёмакҳои ба телефони зан фиристодаи шавҳараш саршори меҳру лабрези садоқат буданд. Ин ҷуфти ҷавон муносибати хеле хубу самимӣ доштанд, аммо паём фиристодан тариқи телефон бори аввал буд дар ҳаёташон.

− Қаблан гул намеовардӣ, бори охир дар солгарди аввали издивоҷамон буд гул оварданат,− гуфт зан табассумкунон ба шавҳараш,− ё пеш аз омаданат хобе дидӣ?

Мард низ табассуме карду ин дафъа суоли ҳамсарашро беҷавоб нагузошт.

− Ту ба ин ҳама лутфу меҳрубонӣ сазоворӣ. Охир, ин тӯӣ, ки сӯям бо меҳр менигарӣ. Ҳамеша боэҳтиром муомила мекунӣ. Соҳиби оила буданамро ба ман ҳис мекунонӣ. Ба тифлаконамон модарӣ… Тӯли ин қадар вақте ки набудам, онҳоро дурусту хушахлоқ тарбия намуда, ба мактаб додӣ. Дар таълимашон чизеро дареғ надоштӣ, ба тарбияашон сахт аҳамият додӣ. Вале ман набудам. Оре, ин қадар вақт ман дар паҳлуят набудам. Аммо ту собит будӣ ва нагузошти, ки набуданамро ҷигарбандон ҳис кунанд. Имрӯз чун онҳо баъди солҳои зиёд “падар”-гӯён наздам метозанд, хеле шод мешавам ва аз ту фахр мекунам. Бубахш, азизам, ки ин қадар сол танҳо гузоштамат. Ман барои ин ҳама хушбахтиам аз ту қарздорам.

Гунаҳои занро бо шунидани ин ҳарфҳои меҳрбор табассум зеб медод, вай шодмон буд. Аз бари рӯи мард қатраҳои ашк поён метаровид…

Воқеан, чанд вақт боз ӯ ба ҳамсараш мактуб менавиштагӣ шуд. Дақиқан, аз бозе, ки фаҳмид мариз аст, сатрҳои муҳаббатро аз дафтари дил ба коғаз рӯбардор кард. Ҷавон гирифтори саратони гулӯ буду баъди чанде бояд ҷарроҳӣ мешуд. Ҷарроҳие, ки дар пайаш барои чанд муддат ва ё абадан аз гуфтор мемонд…

– Башир Усмон, “Дидор”


One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s