Марди сарватманде ҳамроҳи писараш ба як деҳаи дурдаст рафт. Мақсад дошт, ба писараш нишон диҳад, ки одамон чӣ қадар камбағалу қашшоқона зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар хонаи як оилаи камбағал як шабу як рӯз меҳмон шуданд. Ҳини бозгашт падар аз писараш пурсид:
– Писарам, дидӣ, ки инсонҳо чӣ қадар камбағалона умр ба сар мебаранд?
– Бале!
– Хеле хуб! Пас, чӣ омӯхтӣ аз ин сафар?
– Бисёр чиз, -ҷавоб дод писарак. Дидам, ки мо як саг дорем, онҳо чорто! Мо як ҳавзи кӯчак дорем, ки дарозиаш то байни ҳавлиамон мерасад, аммо онҳо дарёе доранд, ки поёнаш наметобад! Мо дар хонаамон чароғҳои хориҷӣ дорем, вале онҳо ситораҳои бисёр. Мо то девори кӯча ё ҳавлии ҳамсояро дида метавонем, аммо онҳо тамоми уфуқро мебинанд.
Вақте ки писарак суханашро тамом кард, падар чӣ гуфтанашро надонист. Писарак афзуд:
– Ташаккур, падарҷон, барои он ки чӣ қадар камбағал буданамонро ба ман нишон додӣ!
– Башир Усмон, “Ҳадяи зиндагӣ”
One Comment Add yours