Қадри шаб

Ду ҷӯра – Фарҳод ва Умед саргарми бозӣ шуда, гузаштани вақтро эҳсос накарданд. Умед, ки холо бозӣ кардан мехост, аз фаро расидани шом шикоят намуд:

– Ана, бегоҳ ҳам шуд. Холо мебинӣ, ки шаб мешавад. Хама ҷой торик мешаваду дар кӯча бозӣ карда намешавад. Падару модарам бошанд, маҷбур мекунанд, ки ман барвақт хоб кунам.  Намегузоранд, ки камтар теливизор тамошо кунам, компютер бозӣ кунам. Агар шаб намешуду ҳама вақт рӯз мебуд, беҳтар мешуд. Мо фақат бозӣ мекардему бозӣ. Модарам дигар ба хоб рафтан маро маҷбур намекард.

Фарҳод низ ба ин суханҳои ҷӯрааш розӣ шуд. Зеро ӯ низ хоб рафтанро дӯст намедошт.

Ҳамин тавр онҳо ба хонаашон рафтанд.

Вақти хоб кардан ҳам омада расид.  Падару модари Умед барояш хоби хуш таманно карданду чароғи хонаашро хомӯш намуданд.  Умед дар ҷои хоб оиди суханҳои ба ҷӯрааш гуфта бисёр фикр кард, то даме ки хобаш бурд.

Субҳ чун ҳарвақта Умед аз хоб бедор шуду наҳорӣ намуда ба кӯча, ба назди ҷӯрааш Фарҳод рафт. Ҳар ду якҷоя хеле бозӣ карданд. Онҳо чунон саргарми бозӣ шуданд, ки гузашти вақт ҳам аз ёдашон баромад.

Дар охир онҳо хаста шуда, ба лаби ҷӯйбор нишастанд, то истироҳат намоянд. Чанд лаҳза истироҳат намуданду ба хона омаданд. Умед низ ба хонааш омаду ба корҳои хона кӯмак намуд.  Ин дам барояш имкон шуд, ки телевизор тамошо кунад. Умед ҳамаи филмҳои тасвириву барномахои дӯстоштаашро ва хатто дуст намедидаашро тамошо кард. Аз тамошои телевизор дилгир шуду ба бозии компютерӣ оғоз кард.  Бозии ӯ чунон тӯл кашид, ки акнун чашмонаш хаста шудаву дигар тавони чашм кушодан надошт. Хост чанде хоб кунаду ором гирад. Аммо гармии нури офтоб чунон баланд буд, ки аз гармии ҳаво хобаш ҳам намебурд. Умед аз хоб рафтан ҳам ноумед гашт ва  ҳар чӣ мекрад, то худро овора созад.

Ин ҳолат чанд маротиба такрор мешуд: бо ҷӯрааш бозӣ мекард, ба корҳои хона ёрӣ медод, компютер бозӣ мекард.

Дар охир ӯ аз ин гармиву бозиҳо хаста шуда, фаро расидани шабро интизорӣ мекашид.  Кай шаб мешаваду ӯ хоб меравад, кай гармии рӯз ба охир мерасад? Кай офтоб ба хонааш меравад ва ба ҷои он моҳу ситораҳо мебароянду чашмакзанон осмонро зеб дода, заминро равшан мекунанд? Кай боз ҳавои форами шабона мeшаваду ӯ бароҳат хоб меравад?

Акнун Умед аз гуфтаи худ сахт пушаймон буд. Намедонист чӣ кор кунад. Ҳатто аз алами сахти худ ба гиря даромад.

Ин дам Умед аз хоб бедор шуд. Чун бедор шуд, ҳайрон шуду аз тиреза ба берун назар кард. Ҳоло ҳам шаб буд. Дар осмон моҳу ситораҳо медурахшиданд. Вай аз дидани ин манзара бисёр хурсанд шуд. Зеро фахмид, ки хамаи ин воқеаи нохуши вай дар хоб будааст.

Акнун Умед шабро мисли рӯз дӯст медошт. Чун қадри шабро хуб эҳсос намуда фахмид, ки рӯз бе шаб ва шаб бе рӯз буда наметавонанд ва ҳар яке аз онҳо барои одамон зарур аст. Ҳам шаб ва ҳам рӯз манфиат ва хосиятхои хоси худро доранд.

– Ҷураева Парвина


 

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s