Онҳо дар қабристонанд

Оилае аз Италия ба Амрико кӯч мебанданд. Мехоҳанд иҷорае пайдо карда, зиндагиашонро дар ин кишвар идома диҳанд. Вале аз сабаби он ки ҳафт кӯдак доштанд, ба осонӣ иҷора ёфта наметавонистанд. Ҳар боре, ки иҷорадиҳандагон онҳоро бо ҳафт кӯдакашон медиданд, аз додани иҷора даст мекашиданд.

Ин ҳол дер давом кард. Онҳо акнун ноумед мешуданд. Рӯзе зан ба шавҳараш пешниҳод кард:

– Биё, вақти бо иҷорадиҳандагон вохӯрдан бачаҳоро бо худ намебарем. Агар пурсанд, мегӯем, ки кӯдак надорем. Баъди хонаро гирифтан кӯдакҳоро меорем. Касе намефаҳмад. Агар рафту фаҳманд ҳам, наход моро пеш кунанд…

Вале марди хонадон, ки шахси диндор буд, пешниҳоди ҳамсарашро рад кард. Иҷораёбии оилаи итолиёӣ тӯл кашид.

Рӯзе эълонеро дар рӯзнома дида, мард ба ҳамсараш гуфт:

− Ту панҷ кӯдакро гирифта ба қабристони католикҳо рав. Ку, бинед он ҷо ягон нафар аз шиносҳоямон дафн шудааст ё не.

Ин гуфтаи шавҳар барои зан ҳарчанд номафҳуму ногаҳонӣ буд, эътироз накарда, бо панҷ фарзандаш ба қабристон рафт.

Мард бо ду фарзанди дигараш ба суроғаи эълон омад. Дарро ба рӯяшон зане кушод.

− Ҳамсаратон куҷост? Дигар фарзанд надоред? – пурсид зани соҳиби иҷора.

Мард сарашро ба зер афканда, бо овози каме гирифта ҷавоб дод:

 − Ҳамсар ва фарзандони дигарамон дар қабристонанд, хонум.

 Зан мутаассир шуд. Дигар чизе нагуфта, калиди хонаро ба мард дод.

– Башир Усмон, “Ҳадяи зиндагӣ”


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s