Моҳи апрели соли 2017 дар Думаи давлатии Русия Виталий Милонов ба парлумони ин кишвар лоиҳаи қонунро дар бораи истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани манъи истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 14-сола, пешниҳод намуд. Паёмадҳои истифодабарии ин шабакаҳо аз ҷониби наврасон имрӯзҳо на танҳо Русия, балки кишварҳои дигарро низ нигарон кардааст.
Ҳамин тавр равоншиносон маълум кардаанд, ки вақтгузаронии аз ҳад зиёд дар шабакаҳои интернетӣ, бахусус сомонаҳои иҷтимоӣ ҳам ба рушди психикӣ ва ҳам ба рушди ҷисмонии кӯдакону наврасон зарари ҷиддӣ мерасонанд. Масалан, тибқи хабари шабакаи “BBC” кўдаконе, ки дар як рўз 1 соат аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, хушҳолии онҳо 14% коҳиш меёбад. “Facebook”, “Instagram”, “Snapchat”, “Viber” “Odnoklassniki”, “VK” аз шабакаҳои маъруфтарин миён истифодабарандагон ба шумор мераванд. Кўдаконе, ки дар ин шабакаҳо вақти зиёди худро сарф мекунанд, назар ба ҳамсолонашон, ки камтар иситифода мебаранд, аз дарсҳо, мактаб, рафиқону оилаҳои худ ва умуман аз ҳаёти худ норозиянд.
Равоншиносони Донишгоҳи Шефилд (Англия) миёни 4000 навраси аз 10 то15-сола пурсиш гузарониданд. Олимон бар ин назаранд, ки кӯдак ҳар чӣ бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ вақт мегузаронад, ҳамон қадар нишоти зиндагияш камтар мешавад. Ҳамчунин онҳо қайд мекунанд, ки ҳатто наврасони аз оилаҳои нопурраи (ё падар ё модар доранд) ба шабакаҳои иҷтимоӣ бегона нисбат ба наврасони аз оилаҳои пурраи (ҳам падар ва ҳам модар доранд) гирифтори вобастагӣ ба сомонаҳои иҷтимоӣ хушбахттаранд. Ҳамчунин муҳаққиқон иброз медоранд, ки миёни наврасон аз ҳама бештар духтарон гирифтори чунин падидаи манфӣ мебошанд. Ва ин ҳолат дар оянда метавонад ба солимии оила мушкилӣ зиёдро ба бор орад.
– таҳияи Достиев Неъмат
3 Comments Add yours