Бемории Алзоймер ва тадбирҷӯӣ

Бемории Алзоймер ё камақлии пиронсолӣ яке аз маъмултарин бемориҳои майнаи сар ба шумор меравад. То ҳанӯз табибон давои ин дардро пайдо карда натавонистаанд. Лекин шумо метавонед бо ивази якчанд одат ё рафтор дар ҳаёти худ хатари ин бемориро коҳиш диҳед.

Ғизои солимро интихоб кунед!

Миқдори зиёди сабзавот (махсусан сабзавоти баргдор), буттамеваҳо, чағзу мағз, маҳсулотҳои ғалладонагию лубиёӣ, равғани зайтун, маҳсулоти баҳрӣ ва гӯшти паранда аз ҷумлаи ғизоҳои муфид барои майнаи сар дониста мешаванд. Диетологҳо бар ин боваранд, ки чунин парҳез хатари бемории Алзоймерро коҳиш медиҳад.

Хоби солим дошта бошед!

Дар майнаи сари беморони Алзоймер моддаҳое бо номи бета-амилоидҳо ҷамъ мешаванд. Онҳо дар миёни торҳои асаб гирд омода интиқоли мавҷҳо миёни нейронҳоро монеъ мешванд. Аз нигоҳи табибон хоби солим миқдори бета-амилоидҳоро ба танзим дароварда, намегузорад онҳо дар як ҷо ҷамъ шаванд.

“Мо ҳанӯз дақиқ намедонем, ки чӣ гуна хоб ба бемории Алзоймер рабт дорад, вале далелҳои сершумор гувоҳи онанд, ки камхобӣ хатари ба миён омадани ин бемориро зиёд мекунад”, қайд кардааст Брендан Люси (Brendan Lucey) табиби асабшинос аз Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон.

Майнаи сарро тамрин диҳед!

Вақтҳои охир бозиҳои мухталиф барои машқи майнаи сар хеле маъруф шудаанд. Агарчи онҳо дар ҳақиқат ҷиҳати ташаккулёбии қобилиятҳои муайян кӯмак мекунанд, то ҳанӯз исбот нашудааст, ки чӣ гуна онҳо ба ҳаёти одамон таъсир мерасонанд.

Мутахассиси асабшинос аз донишгоҳи Бостон, Артур Крамер (Arthur Kramer) барои тамрини хуби майнаи сар ва ҳофиза бештар мутолиаву баҳси китоб, омӯхтани забонҳои нав, навохтани асбобҳои мусиқӣ ва зиёд муошират карданро тавсия медиҳад. “Фаъолияти зеҳнию иҷтимоӣ барои саломатии майнаи сар хеле заруранд”, мегӯяд Артур Крамер.

Серҳаракат бошед!

Бино ба тадқиқотҳои дар маҷаллаи “Lancet Neurology” нашгардида, 1/5 ҳолатҳои гирифторшавии бемории Алзоймер дар Амрико ба тарзи ҳаёти камаҳаракат вобастагӣ доштааст. Тадқиқоти дигар нишон додааст, ки эҳтимоли гифирфторшавии инсонҳои серҳаракат ба ин беморӣ 40% камтар аст назар ба онҳое, ки камҳаракаттаранд.

Мувофиқи тадқиқоти тиббӣ меъёри миёнаи ҳаракати инсони муқаррарӣ барои ҳифзи саломатӣ дар як шабонарӯз 15 ҳазор қадамро (тақрибан 10 км) бояд ташкил диҳад. Ҳаракат ва машқҳои ҷисмонӣ барои соломатии майнаи сар хеле заруриянд. Табибон тавсия медиҳанд, ки инсон бояд дар як ҳафта ҳадди ақал 150 дақиқа ба машқҳои варзишиӣ машғул шавад. Қадамзанӣ, велосипедронӣ ва шиноварӣ ба он шомил буда метавонанд.

Қалбатонро эҳтиёт кунед!

Муроқибат аз саломатии қалб хеле муҳим аст, зеро солимии он ба саломатии майнаи сар вобастагӣ дорад. Бино бар тадиқоте, ки тули 25 сол гузаронида шуд, дар нафарони гирифтори бемориҳои дил, ба монанди норасоӣ дар дил, фибрилятсияи даҳлезчаҳо хатари инкишофи бемории Алзоймер зиёд ба назар мерасад. Ҳамчунин робита миёни сатҳи баланди холестерин дар хун, фишорбаландӣ ва бемории Алзоймер муайян карда шудааст.

Ҳар чӣ бештар инсон нисбати қалби худ ғамхорӣ изҳор кунад, яъне ба варзиш машғул мешавад, ғизои солимро истеъмол мекунад, фишор ва сатҳи холестеринро назорат мекунад, ҳамон қадар майнаи сари ӯ солимтар хоҳад буд. Илова бар ин он воситаи беҳтарини пешгирии бемориҳои системаи дилу раг ба ҳисоб меравад.

Бемории Алзоймер ё камақлии пиронсолӣ як навъ бемории рӯҳӣ мебошад, ки асосан дар куҳансолӣ аз худ дарак дода, сабаби он атрофияи мағзи сар аст. Дар мавриди ин беморӣ фаъолияти рӯҳӣ тадриҷан коҳиш ёфта, то ба дараҷаи беақлӣ ва аз даст додани хислатҳои шахсӣ мерасад.

Ҳангоми бемории Алзоймер ноҷӯрии асосӣ ихтилоли авҷгиранда ва бебозгашти хотира аст. Аввал он ҳодисаҳое, ки дар солҳои наздик ба вуқӯъ пайваста буданд, сипас тадриҷан ҳама гуна воқеаҳои дар тӯли умр аз сар гузаронда фаромӯш мешаванд. Беморӣ бисёр вақт дар 65-75-солагӣ инкишоф меёбад.

– таҳияи Достиев Неъмат


 

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s