Рандеву бо китоб

Маъмулан дар ҷомеаи имрӯза ба саволи «Дар вақти холӣ бо чӣ кор машғул мешавед?», дар аввал ҷавоби «Китоб мехонам!»-ро медиҳанд. Эҳтимол, «Китоб мехонам!» гуфтан, посухи қолабии замони мактабӣ бошад, ки дар зершуури мо боқӣ мондааст.

То куҷо ҷавоби мазкур ҳақиқат дорад ва ё не, вале бешубҳа гуфтан мумкин аст, ки ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ нисбат ба насли гузашта камтару беинтизомтар бо китобхонӣ машғул мешавад. Аҷаб нест, ки ҷомеаи имрӯзаи мо вақти холӣ надошта бошад. Аммо паҳлӯйи дигари ҳақиқат ин ҳам ҳаст, ки дар асл китобро дар вақти холӣ намехонанд, балки барои он ҳам вақт ҷудо мекунанд. Гузашта аз ин рӯзу ҳафта, моҳу солро бо реҷаи махсуси китобхонӣ пур кардан лозим аст. Чӣ тавре, ки дар давоми рӯз барои бо касе вохӯрдан вақт ҷудо мекунем, ҳамон гуна барои китоб ҳам бояд «рандеву» (мулоқот) ташкил намуд. Рўйхати дақиқ ва мӯҳтавои дохилии китобҳоеро, ки дар давоми моҳ ё сол хонда мебароем, бояд дуруст муайян созем.

Баъзеҳо баҳонаҳо пеш меоранд, ки китобхонӣ вазифаи муаллиму олимон аст, ман, ки одами содда ҳастам, танҳо мактаби миёнаро хатм кардааму маълумоти олӣ ҳам надорам, китобхониро чӣ кунам, чун аз пайи рӯзғор шудан заруртар аст. Агар ба ин гурӯҳ фармони аввалин – «Бихон!» чизе ифода намекарда бошад, пас талошу ташвиқи мо то чӣ андоза таъсирбахш буда метавонад? Барои ба китобхонӣ машғул шудан кас маҷбур ҳам нест, ки тамоми корашро ба як сӯ монда, рӯзашро бо китобхонӣ гузаронад. Танҳо лозим аст, барои китоб ҳам вақти мулоқот (рандеву) ташкил намуд. Яке аз рафиқоне, ки ҳаёти рӯзмаррааш бо сафару мулоқотҳои зиёд мегузарад, барои китобхонӣ низ дар реҷаи рӯзаш вақт ҷудо мекардааст. Ҳатто ҳангоми «мулоқот» бо китоб телефонии мобилияшро хомӯш карда, дар ҷойи ором бо «анис»-аш ҳамсӯҳбат мешавад. Дигар як шахси амрикоӣ ҳар субҳи рӯзҳои шанбе ва якшанбе, чӣ тобистон ва чӣ зимистон, соати панҷ аз хоб бедор шуда, як-якуним соат китоб мехондааст. Азбаски он амрикоӣ барои худаш вақт ҷудо карда, дар он замон маълумот ва донишҳои нав ба нав мегирад, он як-якуним соатро «quality time» (вақтгузаронии фоидаовар) унвон мекунад. Китобхони дигар бошад, азбаски дар давоми рӯз барои китоб вақт ҷудо карда наметавонистааст, шабона соати чор вақти хобу истироҳаташро фидо карда, «қазоӣ»-и китобхониро ба ҷой меорад. Ин шахс китобхониро ҳамчун ибодат барои худ қабул кардааст. Акнун онҳое, ки «вақти холӣ» надоранд, дар ин маврид чӣ баҳона пеш меоварда бошанд?

Аввал ин, ки ҷумлаи «дар вақти холӣ китоб мехонам»-ро бояд аз майнаи сар тоза кард. Сониян вақтро муфид истифода бурд. 24 соатро чун 24 тангаи тиллоӣ бояд сарфа кард. Чун ҳеҷ кас 24 тангаи тиллоиро ба ҳаво намепартояд, пас шахси оқил 24 соати аз тангаҳои тиллоӣ гаронтарро низ барбод нахоҳад дод. Сабаби рушд ва пешрафти ҷомеаҳои пешқадам дар либосҳои зебо ва кӯчаҳои васеъашон нест, балки асрор дар «time management»(вақтро сарфакорона ва фоидаовар ба кор бурдан) онҳост. Яъне низом ва муфид истифодабарии вақт барояшон имкон додааст, ки ҳар соҳаи ҷомеа тараққӣ кунад. Ҳатто «time management»-ро дар муассисаҳои таълимияшон меомӯзонанд. Афсӯс, ки се чизро дар ҷомеаи мо, чӣ дар таълимгоҳ ва чӣ дар оила, ҷиддан сарфи назар мекунанд: идораи вақт, идораи маблағ ва нозукият ва адаби оиладорӣ. Сухани Расули Акрамро (саллаллоҳу алайҳи вассалом) ба ёд оред, ки фармудаанд: «Аксари одамон дар қадри ду неъмат фиреб хӯрдаанд: саломатӣ ва вақти холӣ».

Барои онҳое, ки одати китобхониро ҳамчун хӯрокхӯриву обнӯшӣ касб кардаанд, лозим меояд, ки савияашонро боз ҳам баланд бардоранд. Барои чунинҳо китобхонӣ на мулоқот бо китоб, балки мулоқот бо муаллифи он аст. Ҳини ба даст гирифтани китоб, чун бо муаллиф рӯ ба рӯ нишаста сӯҳбат мекунанд, рафтор бояд кард. Яъне ҳини хониши китоб онро бояд тазаккур дода дар худ ҳазм карда бихонд. Чунин китобхонҳои «ашадӣ» ҳатман дар даст қалам дошта бошанд. Зери ҳар ҷумлаи маъқулу номаъқул хат кашида, дар ҳошияҳои китоб фикру мулоҳизаҳои худро доир ба масъалаи дар китоб омада иброз кунанд. Агар лозим ояд, нисбати нигоҳ ва афкори муаллифи китоб шарҳ нависанд. Бо ин амал китобро дар зеҳн беҳтар метавон ҳазм кард.

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s