Садбарг ҳам шифо аст!

Садбарг гули рангаест, ки маъмулан пояаш рости хордор ва гулбаргҳои зиёд дорад. Гулаш хушбӯй (баъзан бе бӯй), сурх, гулобӣ, сафед, зард, норанҷӣ ва бунафши паст мебошад. 

Дар китоби «Энсиклопедияи тиббӣ» омадааст, ки бинобар маълумоти Абумансури Муваффақ равғани дар об ҳалкардаи гули садбарг дарди сарро, ки бар асари ҳарорат ба вуҷуд омадааст, таскин мебахшад. Молидани равғани бо оби хунук ва сирко омехтаи садбарг бусурот, сӯзишу хориши пӯстро рафъ мекунад.

Абӯрайҳони Берунӣ гулобро қувватбахши меъдаву ҷигар донистааст. Абӯалии Сино бо равғани гул захми меъдаро табобат мекард. Ӯ афшураи садбаргро давои шуш ва ҷигар меҳисобиду гулангубинро барои тақвияти меъда тавсия медод.

Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ дар  «Махзан-ул-адвия» зикр кардааст, ки хӯрдани гулбарги садбарг – дил, шуш, меъда, ҷигар, гурда, рӯда, бачадон ва рӯдаи ғафсро қувват мебахшад; хунпартоиро бозмедорад. 

Нӯшидани афшура ё ҷӯшоби гулбарги садбарг барои дилзанӣ, заъфи дил ва дигар узвҳои дарун муфид буда, ҳангоми исҳол меъдаро тақвият мебахшад. 

Гузоштани гулбаргҳои тару тозаи садбарг ба пешонӣ ва сар дардро таскин мебахшад. Бо ҷӯшоби гулбарг обгардон кардани даҳон милки дандонҳоро устувор менамояд. Бӯйидани садбарг барои дил муфид аст. Ба хусус, бӯидани гули садбарги сафед ба майна ва дил қувват мебахшад, назла ва зукомро барҳам медиҳад, атса меоварад, бастагиҳои сӯрохи биниро мекушояд.

Гули садбарг дорои 35 гулбарг буда, дар табиат беш аз 400 намуди он мавҷуд аст.

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s