Наққоши ақлу дили кӯдак бошед!

Кӯдак амонатест, дар назди падару модараш ва дили покаш гавҳарест нозуку сода ва холӣ аз тамоми нақшҳову суратҳо ва дили ӯ омодаи пазириши ҳар гуна нақшу нигорест, ки дар он кашида шавад ва моил аст ба ҳар тарафе, ки майл дода шавад.

 –Имом Ғазолӣ

Кӯдак ниҳолеро мемонад, ки чӣ гунае мо онро парвариш диҳему ба кадом самте равона кунем ҳамон гуна ба воя мерасад. Аз ин рӯ кӯшиш бояд кард, то аз хурдӣ тарбияи дуруст дода тавонем, вагарна  ин натанҳо зиён ба худи мо, балки метавонад зиён барои ҷомеа гардад. Волидайн бояд ҳамеша дар фикри он бошанд, ки барои камоли ақлу дили фарзанд боз кадом сабабҳоро ба ҷой бояд овард. Чӣ гуна онҳоро ҳавасманд сохт, то бинобар донишҳои гирифтаашрон меъёр ва қоидаҳои иҷтимоиро риоя кунанд? Вагарна бепарвоӣ ва саҳлгирӣ дар ин самт рӯзе ба шикояту дилмондагӣ оварда мерасонад.

1Аксар волидайн аз он шикоят мекунанд, ки фарзандонашон ба қоидаҳои дар ҷомеа шаклгирифта риоя намекунанд. Дар чунин маврид волидайн фарзандро ба таври иҷборӣ барои риояи қоидаҳои мазкур водор мекунанд. Бояд қайд кард, ки чунин маҷбуркунӣ боиси оғози мушкилиҳо дар ҳаёти ӯ шуда метавонад.

Ба таври иҷборӣ водор намудани кӯдак барои иҷрои ин ё он амал дуруст нест. Ин гуна фишорҳо кӯдакро дилмонда мекунад. Ва минбаъд иҷрои ҳар амалро сирф барои “модарам гуфт” ба ҷой меорад. Чунин ҳолат барои рушди солими фикрӣ-зеҳнии кӯдак манфиатдор нест. Зеро кӯдак ба дарки ҳикмати ба ҷой овардани ин ё он амал ва ё риояи қоидаҳо нарафта, ҳамоно зеҳнан ба камол нарасида мемонад.

 Гуфта мешавад, баъд аз ба синни чорсолагӣ кӯдак аз омӯхтану риояи амалу меъёрҳои мавҷудаи атроф завқ мебарад. Чунки дар ин давра кӯдакон амалу рафтори калонсолонро бештар тақлид менамоянд. Ин барои онҳо далолати ба воя расиданашон мебошад. Ҳамин тавр кӯдакон қонун ва меъёрҳои рафотру гуфторро осонтар аз худ мекунанд. Вале аксари волидайн инро дарк накарда, монеи саволдиҳиву кунҷкобии онҳо мешаванд. “Бас кун! Ин қадар савол надода, раву бо бозичаҳоят бозӣ кун!” гӯён, кӯдакро аз наздашон дур мекунанд. Чунин рафтори падару модар ба кӯдак таъсири манфӣ расонида, боиси тарсончак, хашин ва ба худ фурӯрафта гардиданашон мешавад. Минбаъд кӯдак аз саволпурсӣ шарм медораду метарсад. Ҳол он ки саволдиҳӣ ва кунҷкобӣ барин малакаҳо шахсро барои донишомӯзӣ ва кашфиётҳои навбанав водор мекунад.

Ҳарчанд усули таълим ва арзишҳои тоҷиконаи мо ин гуна тарбияи аз адаб холиро инкор мекунад, вале аз чӣ сабаб бошад, ки аксар волидайни муосир аз он кор мебаранд. Аз ин ҷост, ки насли миллат то рафт аз худаш бовариро аз даст дода, аз он ки кошифу олимони барҷаста тарбия ёбанд, сафи афроди аз оянда ноумед, хашин, холӣ аз орзу ва шавқи омӯзиш дар ҷомеа зиёд мешавад.

– Рабиева Ганҷина

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s