Хоҳиш

Зане 25-солагии издивоҷ ва 60-солагии рӯзи таваллудашро таҷлил мекард. Сахт тайёрӣ дида, хӯрокҳои гуногун ва лазиз омода кард. Мунтазири меҳмонон нишаста буд, ки садои тақ-тақи дар баланд шуд. Дарро кушод, вале меҳмонро шинохта натавонист. Ӯ ҳам зуд ба муаррифии худ гузашт.

– Ман фариштаам. Омадам, ки шуморо табрик бикунам ва омодаам як хоҳишатонро амалӣ созам.

Зан баъд аз “меҳмон”-ро ба дохили хона даъват кардан, гуфт:

– Дар тӯли зиндагии 25-солаамон он чӣ ман аз ҳама зиёд орзу кардам, як бор ҳамроҳи ҳамсарам сайри ҷаҳон кардан буд.

Фаришта зуд чиптаҳои тайёраҳоро ба тамоми давлатҳои дунё муҳайё карда, инчунин қайди зану ҳамсарашро ба меҳмонхонаҳои бузурги дунё гузошт.

Сипас, ба ҳамсари зан рӯ оварда, гуфт:

– Шумо низ як хоҳиш карда метавонед.

Мард баъд аз каме фикр кардан хоҳишашро чунин баён кард:

– Мехоҳам ҳамсаре дошта бошам, ки аз худам 30 сол ҷавонтар бошад.

Баъд аз гузашти каме вақт мард навадсола шуд.

– Башир Усмон, “Ҳадяи зиндагӣ”


One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s