Боадаб бош…(1)

Ҳар касе, ки бо техникаи муосир сарукор дорад, медонад, ки компютер баъд аз кору фаъолияти зиёд ва ё баъзан дар асари ба вай фармудани як чанд супориши рӯйҳам дармемонад ва корашро чунонки мебояд иҷро карда наметавонад. Баъд лозим мешавад, ки онро ба қавле “рефрэш” кунед. Яъне барои нафаси тоза гирифтанаш кӯмак расонед, то аз нав ба кор дарояд. Чун компютерро каме дам медиҳед ва боз аз сари нав ба кор медароред, аллакай мисли пештара корашро муътадил иҷро мекунад…

Ин ҳолати техника ва ё таҷҳизот аст, албатта, вале гоҳо миёни таҷҳизоту инсон чунон монандиҳоеро мебинед, ки худатон ҳайрон мемонед. Бешубҳа, имрӯз дар натиҷаи кору машғалаҳои зиёд, вазниниву фишорҳои беихтиёри муҳит инсон худашро чунон лакот, чунон беҳавсалаву хаста эҳсос мекунад, ки ногуфтанӣ. Албатта, ин вазниниҳо ва фишорҳои хастакунанда касро бештари вақт дар ҳолати стресс қарор медиҳад, руҳафтодаву ноумед мегардонад. Зиёд мешавад, ки мо дар чунин ҳолатҳо дурудароз дилмондаву руҳшикаста мегардем ва дастамон ба коре пеш намеравад, дилгармиеро эҳсос намекунем. Масалан, агар дар кор таъбамон аз боиси чизе ё касе хира шуда бошад, бо ҳамон ҳолат ба хона меравем. Ҳамон рӯз ё ҳамон шаб дар ҳузури аҳли оила бо қавоқи гирифта, ҳавоси парешон ҳозир мешавем. Бисёри вақт таҳти таъсири ҳолати аз кор бардошта ба хонаовардаамон пайвандонро гапи сахт ҳам мегӯем… Ҳолати баракс ҳам шуданаш мумкин. Агар нафаре дар хонавода носозгорие дорад, масалан муноқишаи оилавӣ дорад, мебинед, он ҳолаташ дар кори вай асар кардааст. Мебинед, ки аз иҷрои супоришҳои роҳбари ширкат ё корхона ба дурустӣ намебарояд. Дар натиҷа аз роҳбар танбеҳ мешунавад.

Азбаски чунин ҳолатҳо дар ҳаёти инсон ногузир аст ва ҳатман омилҳое ёфт шуда, касро зуд-зуд руҳафтода мегардонад, бинобар ин инсонҳоро (ҷавононро махсусан) мебояд, ки гоҳ-гоҳ худро аз назар гузаронанд. Яъне, чунонки ба компютер нафаси тоза зарур мешавад, то корашро дуруст ба роҳ монад, инсон ҳам эҳтиёҷ ба бозбинии хислату рафтори худу рӯзгори худ дорад. Хусусан ҷавонони имрӯзро, ки хеле сабукандешанд. Сабукандеш ба маънои он, ки асабҳояшон хароб аст ва вазниниҳоро камтар таҳаммул доранд.

(давом дорад)

 

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s