Боадаб бош…(2)

Мутаассифона, ҳамин ҳолати таҳаммул надоштани ҷавонон дар муқобили гирудорҳои рӯзгор ба хислатҳои онҳо таъсири ҷиддӣ расонида истодааст. Балки хислати ҷавони имрӯза чунон шакл гирифта истодааст, ки дар он ба одоб, ахлоқи ҳамида, эҳтирому самимият ва хайрхоҳӣ камтар ҷой мемонад. Ба ибораи дигар андак-андак аз адаб меҳрум шудан доранд. Намунаҳои зиёдеро дар ин хусус ёдрас шудан мумкин аст. Худи шумо ҳам албатта, ҳамарӯза шоҳид мешавед, мебинед, ки ҷавонон чи хислату чи одоберо соҳибанд. Имрӯз натанҳо он ҷавононе, ки ба коре машғул нестанду бекору сарсарӣ мегарданд, беадабанд, балки онҳое ҳам, ки дар донишгоҳ мехонанд, чунон бо беадабӣ, носазогӯӣ рӯ овардаанд, ки ҳар бинандаро ба афсӯс хурдану гиребони тавба доштан водор мекунад. Ин ҳангома нест! Муболиға ҳам нест! Шумо агар хоҳед, ки адабу дониши муҳассилини имрӯзи мактаби олиро бисанҷед, бароятон кофист, ки аз истгоҳи назди дилхоҳ мактаби олии пойтахт дар нисфирӯз ё дами бегоҳ савори нақлиёт шавед…

Ин дар ҳолест, ки адаб ё одоб дар умум маъниҳои назокат, зарофат, ҳаё, иффат ва эҳтиромро… фаро мегирад. Он дар муқобили ҳама ҳолат – хубу бад, талху ширин – бо назокат будан, дар муносибатҳои  иҷтимоӣ бо ҳар як нафар рафтори нарм доштан, ба озору шикасти дигарон роҳ надодан, дар баёну муошират шарту вазъятро ба инобат гирифта, ба мухотаб вобаста ба сатҳу савияаш хитоб карданро талаб менамояд. Низ дар ҳолест, ки бузургони олам, сар карда аз анбиёву паёмбарон, то авлиёву муаллимиони башар боадаб будаву одобро тарғиб кардаанд. Пешаи тамоми адибону нависандагони олам, ҳамаи онҳое, ки бо адабиёт сару кор доштаву доранд, низ тарғиби адаб мебошад. Мавлоно барҳақ гуфта буд, ки:

Хоҷа дарёб, ки ҷон дар тани инсон адаб аст,
Одам аз олами улвист, шарафи ҷон адаб аст.

Зимнан, дар сурате, ки асли инсон, ҷавҳари ҳастии инсон адаб бошад, пас аз адаб маҳрум зистан, хулқи хушу рафтори намунаву ҳаёву иффат, эҳтиром ба калонсолу шафқат ба хурдсолон надоштан барои чист? Агар ҳар як ҷавон дар посухи ин савол хомӯш меистад, пас, ӯро лозим аст, ки сари чанд чанд муддат каме ист карда, ба худ нигарад, рафтори худро аз назар гузаронад, худро пурсуҷӯ кунад ва ҳамон тавре ки дар боло гуфтем, нафаси тоза гирифта аз сари нав роҳро идома диҳад. Бо адаб ва дар доираи одоб!

–Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s