Мушкилтарин дидор барои Дани Алвес

Тими овозадори Ювентус барои бозии ҷавобии марҳилаи чорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо бо дастаи “Барселона” ба Каталония омадааст. Агарчи даста баъди ғалаба дар Турин бо дилпурӣ ба майдони Ноу Камп мебарояд, вале барои Дани Алвес ҳимоягари “Ювентус” ин дидор осон нахоҳад буд. Бале, осон нест, зеро пас 8 соли ҳунарнамоӣ бо пироҳани “Барселона”, акнун муқобили дастаи пешинаи худ вориди майдон мегардад. Дар ҳайати тими каталонӣ ҷоизае намонда буд, ки ӯ ба даст наоварда бошад. Дани Алвес 33-сола аст, лекин ба ин нигоҳ накарда дар мавқеи худ яке аз беҳтарин ҳимоягарон дониста мешавад.

Ба низоми Гвардиола мутобиқ шуда буд

Дани Алвес фаъолияти касбиашро соли 2001 дар клуби Баия (Бразилия) оғоз карда, соли 2002 ба Севиля-и Испания гузариш кард.

Соли 2008 Пеп Гвардиола сармураббии тими Барселона таъин гардид. Баъд аз ду моҳ Пеп бар ивази 35,5 млн евро Дани Алвесро ба ҳайати худ ҳамроҳ намуд. “Дани Алвес ва Лионел Месси беҳтарин бозикунони қаноти рост дар дунё мебошанд. То замоне ки ин ду футболбоз хуб бозӣ мекунанд, ягон даста пеши роҳи моро гирифта наметавонад”, гуфта буд Гвардиола дар васфи ин ҳимоягар. Пас аз 6 соли ҳунарнамоӣ дар тими “Севиля” Алвес дар “Барселона” бо дастпарварони “Ла Масия” Хави, Инйеста, Месси, Пике, Бускетс ва Педро зуд унс гирифт. Акнун соҳиби муталқи қаноти рости муҳофизаи “нилунориҳо” (блугранас) Дани Алвес буд. Муваффақиятҳо пайи ҳам ӯро дунболагирӣ мекарданд. Дар мавсими аввал ҳамроҳи “Барселона” қаҳрамони “Ла Лига”, “Ҷоми Испания” ва “Лигаи чемпионҳо” гардид. Дар маҷмӯ Дани Алвес дар 8 соли фаъолият дар ин даста соҳиби 23 ҷоиза (Ла Лига 6 бор, Ҷоми Испания 4 бор, Лигаи Чемпионҳо 3 бор, Абарҷоми Испания 4 бор, Абарҷоми Аврупо ва чемпионати ҷаҳон миёни бошишгоҳҳои футбол 3 бор) гардидааст.

Вижагии фарқкунандаи Алвес ғайр аз саҳми ӯ дар ҳамла инчунин, ҳангоми аз даст додани тӯб, фишор оварда аз нав ба даст овардани он мебошад. Дастпарвари мактаби каталонӣ набуд, вале ба усули “тикитака”‐и Барселона зуд созгор шуд. Тезпо буд. Ин қобилияташро дар партофтҳои дароз аз пушти рақибон истифода мебурд. Дар задани зарбаҳои ҷаримави маҳорати хос дорад. Зарбаҳои ҷаримавӣ аз масофаи наздик ҳамеша насиби Мессию Хавӣ буданд, лекин дар масофаҳои дур танҳо Алвес тӯбро соҳиб мешуд. Бо зарбаҳои дақиқу сахташ кори дарвозабонҳоро ҳамеша душвор мекард.

Ба “Ювентус” таҷруба зам намуд

Дани Алвес дар “Барселона” 8 сол бозӣ кард. Аз нигоҳи футбол акнун синну солаш ба ҷое расида буд, аммо аз маҳораташ чизе кам нашуд. Соли 2015 шартномаи яксолааш бо даста ба анҷом мерасид. Роҳбарияти “Барселона” бошад созишномаи нав пешниҳод накард ва ба замми ин Алеиш Видалро аз “Севиля” харидорӣ намуданд. Гузариши Видал нишонаи он буд, ки рӯзҳои футболбози бразилиягӣ дар даста ба шумор мондаанд. Вале Алвес дар рақобат барои мавқеъ Видалро, ки аз ӯ 6 сол ҷавонтар буд, мағлуб намуд. Он мавсим Алеиш Видал танҳо дар 6 дидор дар ҳайати асосӣ ба майдон баромад. Дани Алвес бошад ба синну солаш нигоҳ накарда, дар 24 бозӣ дар 11‐нафари аввал вориди майдон шуда, ҳокими ягонаи ин мавқеъ буданашро исбот намуд. Вале бо фарҷоми мавсими қарордоди футболбоз ҳам ба охир расид. Дани Авлвес ба дастаи “Ювентус” гузашт.

Аз соли 2012 ин ҷониб тими “Ювентус” дар чемпионати Италия ба ҳамаи рақибонаш бартарӣ дорад. Аммо бо чунин муваффақият дар “Лигаи чемпиноҳо” ҳунарнамоӣ намекунад. Соли 2015 “Ювентус” дар финали ин мусобиқот аз дастаи “Барселона” шикаст хӯрда буд. “Ювентус” 32 бор чемпиони Италия гардидааст, аммо ба гирифтани ин ҷоиза танҳо 2 маротиба муваффақ шудаасту халос. Маслан, рақиби Юве дар Серия А – тими Милан 7 маротиба Ҷоми ЛЧ-ро ба даст овардааст. Дани Алвес бошад танҳо дар 8 сол 3 маротиба ин ҷоми бонуфузро болои сар кард. Ин мавсим Пол Погба, яке аз лидерони даста ба Манчестер Юнайтед гузашт. Гонзало Игуаин, Миралим Пянич ва Дани Алвес ба “Ювентус” гузаштанд. Дар мусобиқоти Серия А “Ювентус” аз рақиби наздиктаринаш – “Рома” 6 хол дар пеш аст ва барои ғалаба дар “Лигаи чемпионҳо” ба футболбози таҷрубадоре чун Дани Алвес ниёз дорад.

– таҳияи Достиев Неъмат


Ситораҳои тобони “Реал” Мадрид

Сармоя ва нерӯ дар футбол ақлу ҳушро мегирад?

Рақами футболбозон ба худ маънои хос дорад

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s