Вақти субҳидам баракат аст!

Бисёр аз шахсиятҳои машҳуру муваффақ ба реҷаи субҳгоҳии худ диққати махсус медиҳанд. Рафторҳои нафарони муваффақу номуваффақ тафовутҳои зиёд дорад ва ин одат яке аз фарқиятҳои вижаи онҳо мебошад.

Саҳархезӣ ва реҷаи субҳгоҳӣ дар ҳама соҳаҳо ба муваффақияти мо таъсири назаррас мерасонад. Рӯзи сермаҳсулу бобарор ҳосили субҳи ҳадафманд, пурмаҳсулу муваффақ буда, дар натиҷа инсонро дар ҳаёт хушбахту муваффақ мегардонад. Танҳо бо ивази вақти саҳархезӣ метавон дилхоҳ ҷанбаи хаёти худро ба таври назаррас беҳтар намуд.

Субҳидам лаҳзаи пурсамартарини рӯз бошад. Майнаи сар тамоми шаб истироҳат карда, пагоҳӣ барои иҷрои фаъолият омода мегардад. Чӣ гуна оғоз намудани рӯз ҳатман ба вақтибоқимондаи он таъсир мерасонад. Хостем доир ба якқатор нафарони маеҳуру муваффақ маҳлумот диҳем, ки онҳо чӣ гуна рӯзи худро оғоз мекунанд:

Арнолд Швартсенеггер

arnold

Вазнбардор ва актёри машҳури Голливуд ҳар пагоҳӣ соати 5 аз хоб хеста, хабару воқеаҳои гузаштаро аз манбаҳои хабарӣ мутолиа мекунад. Сипас почтаи электронияшри тафтиш карда, 45 дақиқа бо тамринҳои пагоҳирӯзӣ машғул мешавад. Баъдан наҳорӣ карда, пеш аз ба кор рафтан дар ҳаммом шустушӯ мекунад.

Тони (Энтони) Роббинс

robbins

Мураббӣ ва муҳаққиқи шинохтаи олами тиҷорат ва муносибатҳои иҷтимоӣ Энтони Роббинс ҳар пагоҳӣ барвақт аз хоб бедор шуда, ҳатман бо тамринҳои махсуси нафаскашӣ мақғул мешавад. Хунин машқҳо боиси ба низом даромадани гардиши хун дар бадан ва бо оксиген ғанӣ гардонидани майнаи сар мегардад. Баъдан 15-30 дақиқа бо тамринҳои ҷисмонӣ машғул шуда, рӯзашро пурсамар мегузаронад.

Ричард Брэнсон

branson

Брэнсон яке аз тоҷирони муваффақ ва нафари барои атрофиёнаш илҳомбахш ба шумор меравад. Вай рӯзашро соати 5:45 аз хоб хеста, бо шиноварӣ ва теннисбозӣ оғоз мекунад. Баъдан ҳатман наҳории солим карда, аз паси корҳои рӯзмаррааш мегардад.

Бенҷамин Франклин

Franklin

Бенҷамин Франклин яке аз асосгузорони умури давлатии Амрикои муосир ба шумор меравад. Гузашта аз ин ӯро ҳамчун шахси закӣ, нуктадон ва муваффақ низ шинохтаанд. Ӯ ҳар пагоҳӣ соати 5 аз хоб бедора шуда, ҳатман наҳорӣ мекард. Баъдан сари мизи корӣ нишаста, кору вазифаҳои он рӯз иҷромешударо аз назар мегузарониду нақшагузорӣ мекрад. Ҳамин тавр соати 7 фаъолияти корияшро оғоз мекард.

Стив Ҷобс

jobs

Доир ба шахсият ва усули кории Стив Ҷобс асарҳои зиёд навиштаву филмҳои зиёди ҳунарӣ ва мустанад ба навор гирифта шудаанд. Ӯ ҳар пагоҳӣ соати 6 аз хоб бедор шуда, дар рӯ ба рӯи оина аз худ суол мекард: “Агар имрӯз охирин рӯзи ҳаёти ман мебуд, оё аз он коре, ки наҷом хоҳам дод, хушҳол мешавам?” Ҳамин тавр то вақти бедор шудани фарзандонаш машғули коре мешуду, баъдан ҳамроҳи афроди оила наҳорӣ мекард.

Хал Элрод

elord

Хал Элрод муаллифи бестселлери китоби “Магия утра. Как первый час дня определяет ваш успех” низоми муассири банақшагирии реҷаи субҳгоҳии “SAVERS”‐ро коркард кардааст. Ҳамин тавр ӯ дар асараш қайд мекунад, ки барои рӯзи муваффақ мебояд амалҳои мазкур ҳар пагоҳӣ ба ҷой оварда шаванд:

Silence (оромӣ): бо тафаккур ва ибодат машғул шудан;
– Affirmations (итминони мутлақ): муайянкунӣ ва авлавиятгузории ҳадафҳо, густариши боварӣ ба худ;
– Visualization (тахайюл ва тасаввур): ҳадафи ниҳоиро аввал дар хаёл зинда кардан;
– Exercise (тамринҳои ҷисмонӣ): ҳар пагоҳӣ бо тамринҳои пагоҳӣ машғул шудан;
– Reading (мутолиа ва хониш): ҳар пагоҳӣ рӯзро бо хониш ва мутолиаи адабиёте, ки касро такмил медиҳад, сар кардан;
– Scribing (дафтарчаи қайдҳо): одати қайд кардани нақшаву хотираҳо дар дафтарчае пайдо кардан;

Муваффақ бошед!

– таҳияи Достиев Неъмат


Бо коре машғул бошед, ки бароятон дилписанд аст!

Ғофил манишин, на вақти бозист!

Рандеву бо китоб

 

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s