Кӯдаки даҳсола рӯзе аз падар пурсид:
– Падарҷон, агар ман ҳаждаҳсола шавам, бароям чӣ ҳадя мекунӣ?
Падар гуфт:
– То ҳаждаҳсолагият ҳоло вақт аст, писарам. Наздик шавад, фикр мекунам.
Дар ҳабдаҳсолагияаш кӯдак ба беморхона афтод. Табибон гуфтанд, ки дилаш бемор, умеди зинда монданаш нест.
Кӯдак аз падараш пурсид:
– Падарҷон, оё ман мемирам?
Падар аз гиряи зиёд ҷавоб дода натавонист.
Кӯдак сиҳҳат шуда, аз беморхона ҷавоб шуд. Акнун ӯ ҷавони ҳаждаҳсола аст. Ба хона омад ва рӯи кати хобаш як пора коғазро дид. Онро ба даст гирифта хонд:
– Фарзанди азизам! Дар ёд дорӣ, аз ман пурсида будӣ, ки дар ҳаждаҳсолагият ба ту чӣ ҳадя мекунам? Акнун қалбам дар бадани ту метапад. Ман ба ту қалбамро ҳадя кардам.
Зодрӯз муборак, азизам!
– Башир Усмон, “Ҳадяи зиндагӣ”
One Comment Add yours