Иллати тарсҳои шабонаи кӯдак (1)

 

Яке аз асоситарин далелҳои тарс аз торикӣ ба тахайюлоти зеҳнии кӯдак рабт дорад. Қисмати зиёди волидайн аз ин масъала гиламанданд, ки кӯдакшон бисёр метарсад. Ва намехоҳад, то шабҳо дар хонаи хобаш бихобад. Шабонгоҳ кӯдак ба модар мечаспад ва мегӯяд: “Mан метарсам!”

Равоншиносон дар ин бора гуфтаанд: “Сабабҳои гуногун боиси эҷоди тарси шабона дар кӯдакон мешавад. Бо ин ҳол яке аз умдатарин далели тарсу ҳарос, хаёли зеҳнии кӯдак ба хусус дар синни зери 6-солагиаш мебошад”.

Яъне, кӯдаки то 6-сола мумкин аст ҳангоми тамошои филми тасвирӣ, ҳунарӣ ё аксҳо, ки дар он мавҷудоти тахайюлӣ нақшофарӣ кардаанд ва ё шоҳиди тамошои саҳнаҳои тарснок шудааст (ҳар чанд аз назари калонсол тарснок нест), ба воситаи тасавуроташ дар зеҳнаш нақш мебанданд.

Ба ин хотир вақте дар хонаи торик аст, ҳар лаҳза фикр мекунад, ки ҳоло пушти дар ё болову поёни ашёи хона “мавҷудоти ваҳшатнок”-е ҳасту ҳоло берун меоянд. Ба ин хотир кӯдак дар бистари худ хоб накарда, доим ба рахти хоби волидайнаш меояд.

Иллати дигари тарсҳои шабона дар кӯдак метавонад суҳбатҳои радубадалшуда, байни ӯ ва ҳамсолонаш ё каолнсолон бошад, ки он ҳамаро бо гӯшаш шунидааст. Боз шаклгирии тарси кӯдак, метавонад аз суханҳои ноҷо ва ё афснонаҳои муболиғаомез (волидайн пеш аз нақл ва интихоби афсона бодиққат бошанд!) бошад, ки давоми шаб ё рӯз дар кӯдак дар зеҳнаш нигоҳ медорад.

Баъзан хурдсолон дар ҷамъи калонсолон ҳарфҳоеро мешунаванд, ки боиси эҷоди тарсу ваҳшат дар вуҷуди онҳо мешавад. Масалан, назди хурдсолон ба таърифи ҷангу ҷидолу таҳқиргӯиҳои ду нафар (ғайбат), қиссаҳои бофта, олами ҷин ё дигар иттифоқи аҷибу ғарибе, ки ягон фард бо он рӯ ба рӯ шудааст, мепардозанд. Бинобар ин табиӣ аст, ки дар чунин ҳолат вобаста ба хаёли кӯдак пеши назараш саҳнаҳои ваҳшатнок рӯ мезананд.

(давом дорад)


Агар кӯдак дӯстони хаёлӣ дошта бошад

Шабакаҳои иҷтимоӣ наврасро ғамгин мекунанд!

Хобҳои ҳавлнок фоидабахшанд

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s