Иллати тарсҳои шабонаи кӯдак (2)

Тарс ва беқарории кӯдак метавонад бо далели сар задани ихтилофот (барои кӯдак дилгиркунанда) байни волидайн ҳам ба вуҷуд ояд. Яъне, бо он сабаб кӯдак метарсад, ки мабодо падар ё модарро аз даст диҳад.

Ва ё кӯдаконе, ки наухстин қадамҳояшонро ба даргаҳи илму маърифат – кӯдакистону мактаб мегузоранд ва дар чунин муҳит тавассути калонсоле (масъули муассисаи тарбиявӣ) мавриди азият, таҳти озори ҷисмонӣ қарор мегирад, мумкин аст ҳар лаҳза тарсу изтиробаш дар танҳои ё торикӣ зуд-зуд зуҳур кунад.

Барои пешгирӣ аз тарс ба волидайн тавсия мешавад, ки дар марҳалаи аввал бо кӯдакашон сӯҳбат кунанд ва бидонанд, ки зеҳни ӯ ба чӣ машғул аст. Масалан, агар фарзандшон аз мавҷудоти тахайюлӣ метарсад, чароғро равшан кунанд ва ҳама атроф хонаро ба ӯ нишон диҳанд. Лаҳзаи хобравӣ наздаш бошанд, бовар кунонанд ва  хотирҷамъ намоянд, ки дар хонаи хобаш чизе нест вато замоне ки хоб равад, канораш ҳастанд. Дар сурати лозима, чароғи хонаи хобро хомӯш накунанд.

Аз тарафи дигар равоншиносон ба волидайн ҳушдор медиҳанд, ки бояд муроқиби аксуламалҳои рафтори худ дар муносибат бо кӯдаконашон, ки шабонгоҳ дучори тарс мешаванд, бошанд. Яъне, волидайн набояд тарси кӯдакро масхара кунанд ё дасти кам гиранду гӯянд, ки “Бачаи ман тарс надорад!”, “Ту калон шудӣ, акнун натарс!” ва ё дигар суханҳое, ки бидуни дарки амиқ аз забони падару модар ва ё калонсолони хона бо хитоб ба хурдсолон гуфта мешавад.

Дар ин синни хурдсолӣ тарси кӯдак табиӣ аст ва бояд ин масъаларо содда нагиранд ва бо ӯ ҳиси ҳамдардӣ ва ҳамдилӣ нишон диҳанд. Беҳтар аст, ба кӯдак бо ҷасорат гӯед: “Медонам, ки эҳсоси тарс дорӣ, вале модарҷонат назди ту аст ва ин ҷо чизе нест!” Ва барои ин ки бовар ҳосил кунад, бо кӯдакатон ҳама ҷои хонаро як бор аз назар гузаронед.

Маъмулан чунин тарсҳо баъд аз чанд рӯз бартараф мешаванд. Вале агар баъд аз муддате дидед, ки мушкил ҳамчунон вуҷуд дораду ҳанӯз шабҳо тарсон аст, ба равоншиноси кӯдак муроҷиат кунед, то решаёбӣ шавад.

– таҳияи Шаҳнозаи Муродзода


“Хароб мешавам!” гуфта, сифати ширро паст накунед!

Таъсири манфии доруворӣ ба эҳсосоти инсон

Нури экран ва майнаи сари инсон

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s