Сармояи Халиҷи араб дар Аврупо гол мезанад (1)

Сармояи шайхҳои араб, ки қариб ягон чорабинии варзишӣ дар ҷаҳон ва махсусан дар Аврупо бе ширкати онҳо намегузарад, батадриҷ ҷаҳони футболро низ азхуд карда истодааст. Он сармоядорон бошанд оҳиста‐оҳиста ба бонуфузтарин шахсиятҳои ҷаҳони варзиш табдил ёфта истодаанд.

Сармояи Халиҷи араб бори аввал пас аз буҳрони молиявии ҷаҳонии соли 2008 ба қораи Аврупо ворид шуда, ба баъзеи клубҳои футбол нафаси тоза бахшид. Клубҳои футболи аврупоӣ, ки бо омадани сармояи арабӣ ба тавре аз нав эҳё гардиданд, Манчестер Сити” (Англия) ва ПСЖ” (Фаронса) мебошанд. Инчунин якқатор клубҳои дигар аз созишномаҳои сарпарастӣ низ бо миллионҳо доллар хазинаашонро пур кунанд. Масалан, ширкати ҳавопйамоии Emirates Airlines” (АМА), ки шиори тарғиботии Fly Emirates дар пироҳани бисёре аз дастаҳо ҷой дода шудааст, ҳамасола ба “Арсенал” ” 43 млн долар, “Реал” 34 млн доллар, “ПСЖ” 36,5 млн долар пардохт мекунад. Ширкати Qatar Airways, ки сарпарасти “Барселона” дониста мешавад, ҳар сол ба хазинаи дастаи каталонӣ 34,2 млн доллар мерезад.

Эҳёи “Манчестер Сити”

Дастаи “Манчестер Сити” дар оғози солҳои 90‐ум миёни Чемпионшип (Лигаи дуюми Англия) ва “Премйер лига” омаду рафт мекард ва то ин дам танҳо ду маротиба чемпиони Англия шуда буд. Дар оғози ҳазорсолаи нав бошад вазъияти даста каме муътадил гашт. Аммо бо омадани сармояи арабӣ гўё болои сари онҳо мурғи бахт нишаст. Соли 2008 амири Абу Дабӣ шайх Мансур бин Зайд Наҳоён 90% саҳмияиҳои дастаро харидорӣ кард, як сол баъд бошад 10% боқимондаро низ аз они худ намуда, соҳиби мутлақи дастаи британӣ шуд. Дастаи “Манчестер Сити”, ки ҳамеша дар сояи “Манчестер Юнайтед” ноаён буд, акнун давраи эҳёро аз сар мегузаронид.

То рехта шудани миллионҳои шайх Мансур ба хазини “МС” бозори гузаришҳои “Премйер лига”-ро тими “Челси”‐и Роман Абрамович идора мекард. Тӯли 9 соли ҳузури сармояи арабӣ “МС” барои гузаришҳо 1,2 миллиард евро сарф карда, дар муқобили ин маблағи ҳангуфт танҳо ду маротиба (солҳои 2012204) қаҳрамони “Премйер лига” гардид. Дар мавсими ҷорӣ дар бозори гузаришҳо ин даста 213 миллион евро сарф кард ва яке аз беҳтарин мутахассисони олами футболи муосир – Хосеп Гвардиоларо ба даста даъват намуд. Вале дар пойгаи қаҳрамонӣ аз рақибаш Челси қафо монда, қариб аст умедашро аз даст диҳад. Дар “Лигаи чемпионҳо” ҳам тайи чанд соли охир дастаи “МС”, алорағми ин сармоягузориҳо, натиҷаҳои хуб нишон надода истодааст. Дар ин мавсими бозиҳои “Лигаи чемпионҳо”  дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ аз идомаи мусобиқот маҳрум гашт.

(давом дорад)


Мушкилтарин дидор барои Дани Алвес

Ситораҳои тобони “Реал” Мадрид

“Маро қабул накарданд!”

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s