Сармояи Халиҷи араб дар Аврупо гол мезанад (2)

Муборизаи сармояи русию қатарӣ дар Фаронса

Чунон ки медонем давлати Қатар мизбони “Ҷоми ҷаҳон‐2022” интихоб шуд. Ба мақсади муаррифии худ дар арсаи футболи ҷаҳонӣ ва ҳам тарғиби ин мусобиқаи футболӣ моҳи майи соли 2011 аз ҷониби яке аз ширкатҳои давлатии Қатар – “Qatar Investment Authority” 70%-и саҳмияҳои яке аз бошишгоҳҳои маъруфи Фаронса‐ “ПСЖ” ( Paris Saint-Germain) харидорӣ шуд. Ҳамин тавр як сол баъд саҳмияҳои боқимонда низ ба куллӣ аз ҷониби ин ширкат харидорӣ шуданд. Вале ошкор нашуд, ки бар ивази чӣ маблағ онҳо ин дастаро ба даст оварданд. Ҳамин тариқ Сарвазири ин кишвар Ҳамад бин Ҷосим бин Ҷаббор ас-Сонӣ соҳиби клуби фаронсавӣ гардид. Дар он замон ягона нафаре, ки муқобили ин хариду фурӯши дастаи “ПСЖ” баромад кард, роҳбари вақти УЕФА ва яке аз беҳтарин бозикунон дар таърихи футболи Фаронса Мишел Платинӣ буд. “Ман ҷонибдори сармояи хориҷӣ нестам. Ҳатто муқобили он чораҷўӣ ҳам мекунам. Вале қонунҳои Британия ва Фаронса барои пешгирии ин девонагӣ кофӣ нестанд. Роҳбари қатарӣ, директори варзишии бразилиягӣ, мураббии италиявӣ ва футболбозон аз кишварҳои гуногун. Чунин як “ПСЖ” тасаввур намекардам”, гуфтааст Платинӣ.

Бештари муваффақиятҳои тими парижӣ ба нимаи дуюми солҳои 80‐ум ва солҳои 90 рост меояд. Дар ин давра даста ду бор қаҳрамон ва ҳам 2 бори дигар соҳиби “Абарҷоми Фаронса” гардидааст. Дастаи “ПСЖ” соли 1996 соҳиби ҷоми мусобиқоти байналмилалии “Ҷоми дорандагони Ҷомҳо” (UEFA Cup Winners Cup ‐ ҳозира “Лигаи Аврупо”) гардида буд. Ин назаррастарин дастоварди даста дар арсаи футболи аврупоӣ ба шумор меравад.

Дастаи “ПСЖ” дар мавсими 2010‐2011 дар бозори гузаришҳо танҳо 9 млн евро харҷ карда буд. Тибқи нақша роҳбарияти “Qatar Investment Authority” мебоист барои табдил додани “ПСЖ” ба яке аз дастаҳои беҳтарини Авупор ҳамасола 130 млн доллар сармоягузорӣ кунад. Вале ду соли охир соҳибони дастаи фаронсавӣ воридоти сармояро дучанд карданд. Хароҷоти умумии “ПСЖ” барои хариди футболбозони беҳтарин дар маҷмӯ 332 млн долларро ташкил дод. Дар шаш соли ҳузури сармояи арабӣ даста 700 млн евро харҷ карда, чор сол аст, ки пай ҳам қаҳрамони Фаронса мегардад. Ин мавсим бошад дар пойгаи чемпионӣ бо Монако, ки дар пушти он сармояи русӣ меистад, мубориза бурда истодааст.

Сармоягузориҳои муфид

Агар аз нигоҳи дурнамо назар кунем, ҳам шайх Мансур ва ҳам Ҳамод ас-Сонӣ интихоби дуруст кардаанд. Аввал он ки “МС” ва “ПСЖ” агарчӣ дар лигаҳои олии кишвари худ баромад мекунанд, аммо аз грандҳои футболи ҷаҳонӣ дониста намешаванд. Онҳо соҳиби таърихи бою ғании пур аз ҷомҳою музаффариятҳо нестанд, аз ин рӯ тамоми муваффақиятҳои минбаъдаи ин дастаҳо ба номи соҳибони кунунии онҳо рабт хоҳад дошт.

Дуввум, аз нуқтаи назари аврупоиҳо ин ду даста ба шаҳрҳои хос алоқманаданд. Вале агар ба вазъият аз Ховари Миёна нигоҳ кунем мебинем, ки ҳам “МС” ва ҳам “ПСЖ” тарғибгар ва муаррифкунандаи кишварҳои соҳибони худ дар арсаи футболи ҷаҳонӣ мебошанд.

Хулоса, кишварҳои сарватманди халиҷӣ ҳанӯз ҳам ба сандуқи тимҳои футболи аврупоӣ миллионҳо доллар мерезанд. Ва аз ин ҳолат бештар клубҳои футболӣ бурд карда истодаанд.

– таҳияи Достиев Неъмат


Ситораҳои тобони “Реал” Мадрид

Дания – кишвари дар ҷамъ аз ду вилояти Тоҷикистон хурдтар, вале…

Нӯшокиҳои энергетикӣ нерӯи дилро мегиранд

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s