Онҳо хомӯширо авло донистанд-7

Худкушӣ як навъи эътироз

vache.jpgЖак Ваше (1895-1919)

Ҳарчанд худкуширо аз анвои эътироз барои Бартлбиҳо нашинохта бошанд ҳам, ба­рои Ваше ин ҳолат истисноист. Жак Ваше ҳамон нафарест, ки адиб ва мутафаккири маъруфи фаронсавӣ Андре Бретон худро мадюни ӯ до­ниста буд. Ваше “санъат аблаҳист” гуфта ва ба ҷони худ қасд карда буд. Аммо мегӯянд, он чӣ ки Жак Вашеро ба қатори Бартлбиҳо шомил гардонид, худкушиаш не, балки эътирозаш нисбат ба санъат будааст.

Бо романе, ки итмом наёфт, машҳур гашт

nicholas.jpgНикола Де Шамфор (1741-1794)

Яке аз Бартлбиҳои дигари дунёи адаби­ёт, ки бо романи итмомнаёфтааш маъруф аст, Шамфор мебошад. Адабиётшиносон мегӯянд, ҳарчанд аз вай то замони мо ягон осоре боқӣ намонда бошад ҳам, Шамфор маводи киро­ие мондааст. Ӯ маргеро интихоб намуд, ки ба қавли худаш “Дар назди азиятҳои рӯҳӣ ҳеҷ аст!” Мутафаккири фаронсавӣ дар ҷавоб ба пурсиши “Чаро наменависед?” чунин гуфтааст: “Барои он ки безавқии мардум аз ҳад гузаштааст; барои он ки мардум муваффақиятҳои ба ӯ маъқулнабударо аҳамият намедиҳад; барои он ки эътибори адабиам ҳар чӣ камтар шавад, ҳамон қадар худро хушҳол эҳсос мекунам!”

– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Вақти субҳидам баракат аст!

Онҳо хомӯширо авло донистанд-6

Телевизор – аждаҳое, ки вақти моро мехӯрад!

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s