Нақши падар дар раванди тарбияи кӯдак

Бинобар ҳаёти пурталотуми корӣ падар як навъ водор шудааст, ки тарбияи фарзандро бапуррагӣ ба ӯҳдаи модар вогузорад. Чунин муносибат ба раванди тарбияи кӯдак қабулнопазир буда, метавонад бо худ паёомадҳои манфиро низ ба бор орад. Зеро нақши падар дар раванди тарбия ҳамчун нақши модар муҳим аст.

Вақте падар дар баробари рафтори мушфиқона ҳамчунин аз нуфузи шахсӣ ва ҳайбати ба худ хосро ба кор мебарад, кӯдак бинобар меъёрҳои солими ҷисмониву равонӣ рушд мекунад. Зеро “нуфузи падар” дар раванди тарбияи фарзанд ҳамчун намунаи ибрат ӯро аз “каҷравӣ” эмин нигоҳ дошта метавонад.

Бинобар таҳқиқоти равоншиносон писароне, ки дар оила аз тарбияи солими падар маҳрум гаштаанд ва ё бе падар ба воя расидаанд, бештар одат ва рафторҳои занона касб намуда, ҳамчун шахсияти ғайрифаъол рушди иҷтимоияшон ноқис монда, ҳамчунин ба ҷинояткорӣ моилтар мешаванд.

Падари бофарҳанг ва “мард”-и хонавода таҷрибаи зиёди ҳаётӣ дошта, барои фарзандаш ба сони хазинаи бебаҳо хизмат карда метавонад. Бахусус барои бештар гардонидани маърифати кӯдак оид ба арзишҳои фарҳангиву маънавӣ нақши падари оиларо нодида гирифтан хатои маҳз аст. Гузашта аз ин бинобар муносибат ва лаҳни гуфтори падар ба модари хонавода кӯдак доир ба нозукияту аҳамияти ҷинсият ва шахсияти худ бештар меомӯзад.

Ҳамчунин равоншиносон қайд мекунанд, кӯдаконе, ки дар хурдсолӣ аз тарбия ва муносибати мушфиқонаи падари хеш маҳрум набуданд, дар пиронсолии падарашон ӯро ғамхорӣ мекунанд. Илова ба ин, ҳангоми дар оянда падар шудан, чунин кӯдакон нисбати фарзандони худ низ ҳамон гуна самимона рафтор мекунанд.


Аҳамияти робитаи фарзанд бо модар

Агар кӯдак дӯстони хаёлӣ дошта бошад

Наққоши ақлу дили кӯдак бошед!

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s