Яке аз вазифаҳои муҳими дигаре, ки волидайн бояд ба ҷой оранд, ин номи неку зебо додан ба фарзандашон аст. Номе, ки ба кӯдак баъд аз таваллудаш дода мешавад, бисёр муҳим аст. Гуфта мешавад он ном ба инкишофи равонии ӯ низ таъсиргузор хоҳад буд.
Номи кӯдак набояд эҳсосӣ гузошта шавад. Он ном бояд маънодор бошад ва дар зеҳни худи кӯдак доим таассуроти мусбатро ба ёд оварад. Бахусус номҳои гузаштагони бузург ё номҳои рӯҳбаландкунанда метавонанд ба фитрат ва ҷиҳати равонии кӯдак таъсири самаранок расонанд. Вале ин маънои онро надорад, ки ба кӯдак ҳар чӣ номи зебое мондему акнун ӯ ҳатман шахси бузургу дурусткор хоҳад шуд. Дар баробари номи зебо гузоштан заминаи ахлоқи накӯ низ бояд гузошта шавад.
Ҳоло дар кишварамон феҳристи махсусе барои интихоби номҳо ба нашр расидааст, ки дар он номҳои зебо ҳам гирд оварда шудаанд. Аз ин рӯ хуб мешуд, ки волидайн дар баробари муроҷиат кардан ба ин гуна феҳристҳо, ҳамчунин бо шахси оқилу ҳаётдида оид ба ҷиҳати номгузорӣ машварат кунанд. Ва ба таври қатъи аз номҳое, ки дар оянда боиси масхара шудани кӯдак буда метавонанд, волидайн ҳазар кунанд.
Бахусус падару модар аз номҳое, ки талаффузаш душворфаҳм аст ва ё берун аз фарҳанги номмониямон мебошад, даст кашанд. Чун рӯзи маҳшар ҳар банда бо номи гузошташудааш хитоб карда хоҳад шуд. Номи зебо ҳусни ботинии фардро тарбия дода метавонад.
Давраи ҳомиладорӣ ва шуури модарӣ
One Comment Add yours