Кӯдак, ҷиҳозҳои электронӣ ва олами маҷозӣ

Дар давроне ба сар мебарем, ки ҷиҳозҳои технологӣ қариб дар тамоми соҳаҳо ҳаёти моро иҳота кардаанд. Дар хонаҳои мо дасти кам як смартфон, планшет ё компютер мавҷуд аст. Баробари ба хона расидани падару модар ҷиҳозоти мобилии онҳоро фарзандон муҳосира мекунанд. Мутахассисони соҳа борҳо дар бораи зарари онҳо ба саломатии инсон, хусусан ба наврасону кӯдакон гуфта гузаштаанд. Мо – одамон ба онҳо чунон унс гирифтаем, ки ҳаёти ҳаррӯзаи худро бе онҳо қариб, ки тасаввур карда наметавонем.

Қоида ва адаби муошират дар олами маҷозӣ

Волидайн бояд ба фарзанд қоида ва адаби муоширатро ҳангоми кор бо имтернет фаҳмонида диҳанд. Дар навбати худ кӯдак набояд аз чаҳорчӯбаи муайяншуд берун барояд. Азбаски кӯдак содалавҳ аст, вай худ дарк накарда метавонад ба худ ва наздиконаш зарар расонад. Бахусус ҳангоми истифода бурдан аз сомонаҳои иҷтимоӣ, оид ба расонаӣ кардани маълумоти шахсӣ, акс ва наворҳои оилавӣ эҳтиёт бояд кард.

Волидайн бояд намуна бошанд

Агар шумо ба фарзандатон як соат иҷозати истифодаи планшетро медиҳед, дар сурате, ки худатон бидуни он зиндагӣ карда наметавонед, пас чӣ гуна метавон дар мавриди итоат ва иҷрои қоидаҳо сухан гуфт? Дар оила қоидаҳо бояд ба ҳама тааллуқ дошта бошанд, танҳо дар ин маврид онҳо муассир хоҳанд буд.

Якҷоя чизҳои нав кашф кунед

Ба кӯдак вазифа диҳед, масалан ҷустуҷӯи ягон маълумоти ҷолиб аз интернет. Ва ё баръакс, бигузор кӯдак барои шумо чунин як санҷише пешниҳод кунад. Ин усул барои аз худ кардани донишҳои нав ба нав хеле муфид аст.

Барномаҳои инкишофдиҳандаро насб кунед

Кӯдакон дар гаҷҷетҳо бештар бозиҳою барномаҳои шавқоварро тарҷеҳ медиҳанд ва вақти зиёдро болои онҳо мегузаронанд. Ин майли онҳоро нисбат ба таҷҳизот метавон ба самти мусбат равона намуд. Волидайн метавонанд дар смартфону планшетҳои худ барномаҳои махсусеро насб кунанд, ки кӯдак тавассути бозиҳои зеҳнӣ мантиқ, ақлу заковат ва фикрронияшро инкишоф диҳад.

Зарарҳои шабакаҳои иҷтимоиро фаҳмонед

Кӯдакон бояд аз ҳама домҳое, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар худ пинҳон кардаанд хабар дошта бошанд. Маълум аст, ки олами маҷозӣ саршор аз ҳам маълумоти муфид ва ҳам зарарнок аст ва кӯдак метавонад зери таъсири манфии онҳо бимонад. Масалан, ба тозагӣ ҳодисаи гурӯҳи Синий кит, ки наврасонро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба худкушӣ ташвиқ мекард, ҷомеаи Русия ва баъзе кишварҳоро такон дод. Аз ин рӯ лозим аст ба кӯдакону наврасон ҷиҳатҳои “хуб” ва “бад”‐и олами маҷозиро фаҳмонида диҳем.

kids.jpg

Кунҷаки “оффлайн”

Дар хонаҳои мо ҳатман кунҷаки озод аз смартфону планшет ва интернет бояд мавҷуд бошад. Дар он ҳуҷра ё макон воридшавӣ ба сӯҳбатҳои виртуалӣ, бозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ қатъиян ман бояд бошад. Дар он кунҷаки “оффлайн” танҳо шумо ва аҳли хонавода вуҷуд доред. Гаҷҷетҳо набояд ҳангоми хӯрокхӯрӣ, сӯҳбат ва хоб кардан ба шумо халал расонанд.

– таҳияи Достиев Неъмат


Ҷиҳозҳои электрониро ҳангоми хоб кардан аз худ дур монед

Агар тамоми рӯз танҳо об нӯшед

Шабакаҳои иҷтимоӣ наврасро ғамгин мекунанд!

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s