Усули тезхонии матн дастраси ҳамагон аст!

Китоб: “Скорочтение” Как запоминать больше, читая в 8 раз быстрее?

Муаллиф: Питер Камп

Нашриёт: Манн, Иванов и Фербер, соли 2015

Теъдоди саҳифа: 305

Забони китоб: русӣ


Бо расидани асри технологӣ ва пешравии техникӣ интизор мерафт, ки шахс ҳамчун фарди ҷомеа вақти бештаре барои инкишофи шахсияш пайдо мекунад. Яке аз роҳҳои такмили малака ва донишҳо хониши асарҳои бадеӣ, касбӣ, маънавӣ ва ғайр мебошад. Бинобар омори расмӣ ҳамасола дар ҷаҳон тақрибан 1275 миллиард китоб нашр мешавад. Дар байни ин миқдор китоб ҳатман асаре пайдо мешавад, ки барои нафаре хонданибоб ва шавқовар аст. Ва боварии комил дорам, ки ин навъ китобҳо на яктову дутоянд. Пас чӣ гуна метавон дар муддати кӯтоҳ ҳар чӣ бештар китобҳои дилписандро бо дарки том мутолиа намуд?

Питер Камп мутахассиси тезхонии китоб аст. Ӯ дар Амрико шахси машҳур дар соҳаи худ буда, кормандони “Кохи сафед”-ро низ аз нозукиятҳои тезхонии матн огоҳ кардааст. Аз соли 1966 ба ҳайси омӯзгор кор карда, ҳамчун муҳаққиқ мавзӯи чӣ гуна бо суръати баланд ва дар айни замон бо дарки амиқтари матни хондашуда метавон китобро мутолиа намуд, корҳои мустақилона анҷом додааст. Ҳамин тавр солҳои баъдӣ Питер Камп асари пурқимати худ “Скорочтение”-ро ба хонандагон тақдим намудааст. Муаллиф тӯли чор сол бо тадқиқоти илмӣ машғул шуда, методи нави мутолиаи самаранокро баҳри хонандагон пешкаш намудааст.

Китоби “Скорочтение” аз 36 боб иборат буда, низоми ҷойгиршавии бобҳо аз содда ба мураккаб шакл гирифтаанд. Сараввал муаллиф барои фаҳмотар шудани бобҳо аз маводи назариявӣ оғоз карда, баъдан ба қисмати машқҳои амалӣ мегузарад. Моҳияти асосии методи омӯзиш ин истифодаи ангушти ишорат аст. Ҳар шахс метавонад танҳо бо истифодаи ангушти ишорат суръати хонишашро баланд кунад. Ва ин танҳо аввали кор аст. Бинобар натиҷаҳои мутолиа ва аз худкунии китоби “Скорочтение” қайд карда шудааст, ки суръати китобхонии нафарон аз 5 то 10 маротиба ва аз он ҳам бештар гаштааст.

Хониш ва татбиқи қоидаҳои дар китоби “Скорочтение” овардашуда ба ҳамаи онҳое, ки соҳиби ирода ва дарки ҳастии хеш ҳастанд, тавсия карда мешавад. Майдон аз далер аст! Марҳамат, худро бисанҷед.

– таҳияи Ҷабборов Далер


Бо коре машғул бошед, ки бароятон дилписанд аст!

“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

Ҳамоне бош ё бош, ки ҳамонӣ!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s