Дар оила ҳузур ва осоиштагӣ ҳукмрон бояд бошад

Яке аз унсурҳои муҳими инкишофи кӯдак ҳамчун фарди солими ҷомеа муҳити оилавӣ мебошад. Оилае, ки дар он ҳузур ва маърифат ҳукмрон аст, заминаи мусбат дар касби одатҳои хуби инсонӣ фароҳам мешавад. Вале, агар дар ҳаёти афроди оила ҳузур вуҷуд надошта бошад ва кӯдак доим зери фишори ҷисмониву равонӣ қарор гирад, дар вай инкишофи шахсияти солим ноқис мемонад. Эҳтимол, ин гуна фард дар оянда ҳам ба худ ва ҳам ба ҷомеа зарар расонад.

Дар баъзе оилаҳо волидайн барои гузаро кардани қоидаву талаботи хеш доим бо ҳам дар низоъ қарор гирифта, кӯдакро бе назорат ва таваҷҷӯҳи лозима мегузоранд. Ва ба касе пӯшида нест, ки ин гуна муҳити даҳшатафкани волидайн, барои рушди равонӣ ва тарбияи солими кӯдак хатарнок мебошад.

Дар хонаводае, ки волидайн нисбати ҳамдигар иззату ҳурматро ба ҷой меоранд, кӯдак дар муҳити осоишта ба воя расида, ба худ боварии бештар пайдо карда, ҳар дам нишоту фараҳро эҳсос мекунад. Кӯдак шоҳиди чунин рафтори созандаи волидайн гашта, бо муҳити хеш низ ҳамчун фарди ҷомеа робитаҳои аввалини иҷтимоияшро мусбат ба роҳ мемонад.


Монеаҳои рушди солими кӯдакро аз байн бардоред!

Заминагузории малакаҳои муҳим дар кӯдак

Таъсири аз ҳам ҷудошавии волидайн ба кӯдак

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s