Бузургони олами маънавиёт: Робияи Адавия

Дар баробари абармардони роҳи ҳақ, ки намунаи барҷастаи инсони комиланд, занҳои зоҳиду порсо низ кам нестанд. Вале, мутаассифона, мо аз саргузашти ҳаёти мубораки аксарияти онҳо бехабарем. Яке аз ин занҳои табарруку тақводор Робияи Адавия аст.

Робияи Адавия соли 714 ё 718 дар шаҳри Басра ба дунё омадааст. Азбаски фарзанди чаҳоруми оила буд, ба ӯ исми “робия”, яъне “чаҳорум”-ро додаанд. Кунияаш Уммулхайр аст.

Бинобар қавли Фаридаддуни Аттор, Робияи Адавия дар хурдсолӣ ятим мондааст. Сипас аз сабаби қаҳтсолии шаҳри Басра апаву хоҳараш ӯро такр кардаанд. Пас аз он золиме ӯро бар ивази пули кӯчак ба ғуломӣ харидааст. Ба рағми корҳои вазнини хонаи хӯҷаин, Робия шабҳоро бо ибодат паси сар мекард.

Ҳамин тавр шабе хӯҷаинаш шоҳиди ҳодисаи аҷибе мешавад, ки сабаби аз ғуломӣ озод шудани ҳазрати Робия мегардад. Ӯ боре ҳазрати Робияро дар ҳоли ибодат кардан мебинад, ки нури болои сараш тамоми хонаро равшан кардааст ва пас аз ин ҳодиса ӯро озод мекунад. Ҳазрати Робия чун ба озодӣ мерасад, қасди зиёрати Хонаи Худо мекунад. Бинобар ривоятҳо, вақте маркаби ҳазрати Робия дар биёбон мемирад, ҳамсафаронаш мехоҳанд бору анҷоми ӯро то манзил бубаранд, аммо ӯ рад мекунад ва мегӯяд: “На ба махлуқ, балки ба Холиқ такя бояд кард!” Чунин рафтор ва таваккули мутлақи ӯ аз зоҳид буданаш дарак медиҳад.

Ҳазрати Робия пас аз зиёрати Хонаи Худо ба Басра бармегардад ва дар ҳамон ҷо дунёи фониро падруд мегӯяд.

– таҳияи Исмати Нек


Бузургони олами маънавиёт: Маъруфи Кархӣ

Бузургони олами маънавиёт: Бишри Ҳафӣ

Бузургони олами маънавиёт: Ҳабиби Аҷамӣ

 

 

 

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s