Дарахти изтироб

Маъмулан, ҳамаи мо, вақте аз кор ба хона меравем, хастагиву вазнинии дар кор ба сарамон омадаро бо худ мебарем. Вақте фишору вазнинии худро ба сари аъзои оила – хоҳ ҳамсар, хоҳ писару духтарамон мерезем, ғамгин мешавем. Бисёр маврид аз ҷанҷолу ғавғое, ки баъд аз кор ба сари оилаамон мебардорем, зуд пушаймон шуда, мегӯем: “Кош худамро ба даст мегирифтам. Кош каме таҳаммул карда, ғазабамро фурӯ мебурдам…” Қаҳрамони қиссаи зер барои ранҷу кулфаташро ба сари оилааш бор накардан роҳи хубе ёфтааст.

Устое, ки барои таъмири хонаамон киро кардам, рӯзи аввали кориашро бо душворӣ ба поён расонд. Чархи кафидаи мошинаш барои як соат ба кор дертар ҳозир шуданаш сабаб шуда, арраи барқиаш корношоям гардид ва ҳоло бошад, асбоби барқсанҷиаш аз кор баромад. Ин ҳама бебарорӣ дар кор ӯро хеле ғамгину мушавваш намуд. Бегоҳ, баъд аз кор, вақте ба мошинам савор карда, ба хонааш мебурдам, мисли кундае дар паҳлӯям менишаст. Бадқаҳру асабонӣ менамуд. Аз ин ғоят дар роҳ ҳарфе ҳам ба забон наовард. Чун ба хонааш расидем, барои бо аҳли оилааш шинос шудан маро ба дарун даъват кард.

Пеш аз ворид шудан ба хона усто аввал назди дарахте таваққуф кард. Ба ҳар ду дасташ аз ду шохи дарахт дошт. Бо кушода шудани дари хона чеҳраи ӯ ба таври ногаҳонӣ тағйир ёфт. Ду бари рӯяшро табассум зеб медод. Ҳар ду фарзанди кӯчакашро самимӣ ба оғӯш гирифта, аз пешонии ҳамсараш бӯсид.

Баъд аз шиносоӣ маро то пеши мошин гусел кардан хост, ки ҳамон дарахт ба ёдам расид.

− Намегӯед, ки чаро дар назди дарахт истода, шохаҳояшро доштед ва дар як он чеҳраатон тағйир ёфт? Гӯё то ба ин ҷо омадан ғаму андӯҳ надоштед.

− Ин дарахти ғаму изтироби ман аст, – гуфт ӯ ба дарахт ишора карда.

– Баъзан дар корҳоям вазниниву мушкилиҳо пеш меоянд, ки сахт асабӣ мешавам. Ман нек медонам, ки онҳо заррае ҳам ба оилаам дахл надоранд. Яъне, барои мушкилиҳои дар кор ба сарам омада оилаам айбдор нест. Барои ҳамин, ҳар бегоҳ вақти ба хона омадан, ғаму изтиробамро ба дарахт меовезам. Саҳар онҳоро дубора аз шохи дарахт мегирам. Аммо медонед, аҷибаш чист? Аҷиб он аст ки, вақте субҳи рӯзи дигар ғаму андӯҳ ё вазниниву кулфати дирӯзаамро аз шохи дарахт гирифтанӣ мешавам, мебинам, ки мисли дирӯза бисёр нестанд. Кам шудаанд…

– Башир Усмон, Дидор


Гулҳо барои чӣ?

Ман кӣ будани ӯро медонам…

Кӣ қашшоқ?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s