Дар суроғи осоиш

Инсон дар тӯли зиндагонияш мудом дар ҷустуҷӯи осоиш будааст. Зеро пайваста аз беҳузурӣ ва нороҳатӣ шиква намуда, дар васфи оромишу осоиш достонҳо сурудааст. Ин ҷустуҷӯву ковишҳо осоиштагиро ба маҳбубе табдил дода, ки расидан ба васлаш мушкил гаштааст.

Вале барои онҳое, ки дар пайи дарёфти ҳаққу ҳақиқатанд, беҳузурӣ ва адами осоиш монеа буда наметавонад. Чаро ки онҳо дар пушти ҳар нороҳатӣ ва парешоният муждае аз умеду офи­ят мегиранд ва ҳодисаҳоро бо маъюсӣ не, бо чеҳраҳои хандон истиқбол менамоянд.

Барои инсон, ки ҳисси бовар доштан ё бовар кардан дар фи­траш ниҳода шудааст, имон ва умед шарти аввали осоиштагист. Чунонки аз як нафари бевиҷдон ва маҳрум аз ҳисси хайрхоҳӣ осо­ишро интизор доштан муҳол аст, ҳамчунон парешониву беҳузурии нафареро, ки ба оянда хушбин асту бо умед менигарад ва барои расидан ба фардои дурахшон дар қалбаш зебоиҳои ҷаннатмисол дорад, тасаввур намудан хатост.

Ба ибораи дигар, ҳузур ва осоиштагӣ пеш аз ҳама дар қалби ҳар як фарди ҷамъият мавҷуд аст. Онро чӣ гуна ба берун акс медиҳад, ба худи ӯ вобаста аст. Яъне, ҳузур ва осоиш аввал аз худи шахс шуруъ мешавад, баъд дар оила, ки ба масобаи як ҷамъияти хурдест, шакл мегирад ва ниҳоят ба тамоми бахшҳои ҷамъият ме­гузарад. Аз ин рӯ, агар мо фаро расидани накӯӣ, зебоӣ ва умеду осоишро чашмдор бошем, пас бояд дар ёд дошт, ки корро аз фард оғоз кардан лозим аст. Зеро чунонки таркиби оиларо фард таш­кил медиҳад, рукну бахшҳои ҷамъият низ аз афрод иборат аст. Ва ҷамъияте, ки порчаҳои он аз ҷурму ҷиноят мураттаб бошад, аз вай ягон некӣ, умед, ва саодатро чашмдор будан имкон надорад. Ба­ракс тамоми накӯиву саодатро дар атрофи онҳое метавон дид, ки худпарастиро мағлуб намуда, ба камоли зеҳниву рӯҳӣ расидаанд. Ҳамзамон, фарде, ки ба чунин як рукни ҷиддии ҷамъият мубаддал мешавад, ҳам дар оила ва ҳам дар ҷомеа шарафманд аст.

Ҳамин тавр, оилаҳое, ки аз чунин афрод ташаккул ёфтаанд, дар онҳо ҳам осори ҳурмату эҳтиром ва ҳам шафқату меҳрубониро метавон мушоҳида кард. Ҳамин аст, ки дар чунин оилаҳо бо муру­ри замон ва вазиши боди мухолиф на ин ки рахна пайдо мешавад, балки ҳар ҳодисаи пешомада онҳоро (афроди оиларо) боз ҳам даври якдигар муттаҳиду якдилтар мегардонад. Чунин як оила, ал­батта, барои абадияту ояндаи миллат ҳам кӯмак мерасонад, зеро ки як рукни он ба ҳисоб меравад. Вале дар сурати тахриб шудани ин қоида миллат зарар мебинад ва мавҷудияташ зери хатар қарор мегирад. Чунки миллате, ки аввалтар аз ҳам дар оила мавҷуд на­бошад, ба завол маҳкум аст.

Зимнан, мутафаккирон ва файласуфони Шарқу Ғарб ба мо­нанди Абдураҳмони Ҷомӣ (“Искандарнома”), Томас Мор (“Уто­пия”), Абӯнасри Форобӣ (“Мадинат-ул-фазила”) ва ғ. дар ҷустуҷӯи чунин ҷомеаи осоишта будаанд. Ва мо – насли ҷомеаи муосир барои суроғ ва ёфтани ин идеал, ки асрҳо боз чашмдораш ҳастем, тамоми тад­биру чораҳоеро, ки барои расидан ба он васила мешаванд, бояд аз на­зар гузаронем. Зеро худи ҷомеаи осишта идеал ва ҳадафи олиест, ки барояш мешавад талош кард.

– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s